ИСТИҚЛОЛИ ЗАН ВОЛОТАРИН НАМУНАИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ ВА ВАТАН АСТ

Бинанда: 38 | Санаи нашр: 18 Январ 2025

Паёмеро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28.12.2024 барои мардуми кишвар ироа намуданд, мисли паёмҳои пешина аз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз таъриху тамаддун ва аз рафтору муносибати ҳар як шаҳрванди мамлакат баҳс мекард. Ҳар як паёми Сарвари давлат аз лиҳози муҳтавои худ асосан ду ҷанба дорад, ки яке таҳлили дастовардҳо ва норасоиҳои тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум ва дигаре таъкидоти масъалаҳои ҷовидона, ки такя бар тамаддуни чандҳазорсолаи миллати мо доранд. Дуруст аст, ки ин ҳар ду ҷанбаи муҳтавои паёмҳои Пешвои муаззами миллат гоҳ ба таври алоҳида ва гоҳ дар ҳамгироӣ ироа мешаванд, зеро онҳо ҳамдигарро тақвият медиҳанд.

Аз ҳамин лиҳоз, мазмун ва мақоми ҳар як паёми Президенти муҳтарами кишвар барои мардуми мо дастури зиндагӣ дар ҳар вақту замон ба ҳисоб меравад. Мо дар ин ҷо андешаамонро роҷеъ ба як нуктаи Паёми имсолаи Пешвои миллат изҳор медорем, ки ба мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеа иброз гардидаст. Пешакӣ ёдрас менамоем, ки манзалати зан, бону, модар дар тамоми суханрониҳо, гузоришҳо, паёмҳо ва баромадҳои Сарвари давлат ҷойгоҳи махсус дорад ва он барои ҷомеаи мо ба мавзуи доимӣ аз ҷониби Сарвари давлат табдил ёфтаст. Ва инчунин, бояд ва ҳатман қайд шавад, ки мақоми зан ва модарро дар ҷомеаи мо воқеан Пешвои миллатамон ба олитарин дараҷа бардоштанд ва онро ба намунаи шоистаи истиқлоли Ватан табдил доданд. Воқеияти маҳз аст, ки тамоми қарорҳо ва қонунҳои дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда маҳз бо ташаббус ва ибтикори Пешвои муаззами миллат таҳия ва қабул гардиданд. Ин ҳақиқатест, ки воситаи инкори он вуҷуд надорад.

Ба ҳамватанони азизамон муроҷиат намуда, Пешвои миллат изҳор доштанд: “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст”.

Дуруст, аст ки зан – модар дар оила, дар хона ва дар ҷомеаи мардуми ориёитабор, хусусан тоҷикон аз эҳтироми хосса бархӯрдор буд. Бе дуои модар фарзанд ба коре оғоз намекард ва ба сафар намебаромад. Бузургтарин мардони миллат дар пеши модар сар хам мекарданд ва намунаи зиндаи ин амал амалкарди худи Роҳбари давлати мо аст. Эмомалӣ Раҳмони ҷавон, ки танҳо дар синни 40 солагӣ ба сари ҳукумати он вақт фалаҷ ва ба ватандории Ватани он вақт дар дуду оташ ғарқшуда омада буд, ҳар субҳу шом дуои модарро барои хайри фаъолиятҳояшон мегирифтанд. Дуои модар ҷавшани тану ҷони ӯ гашт ва бинобар сарсупурдагиҳои ин шахсият таъмини истиқлоли ҳақиқӣ ва ваҳдати воқеӣ муяссар гардид.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки мақоми занро маҳз дар даврони истиқоли кишвар боло рафт гуфтааст. Даврони истиқлолияти кишвар ба бонувони Ватан чанд имконияти абадӣ тақдим намуд, аз ҷумла: яке он, ки мавқеъ ва манзалати онҳоро аз лиҳози ҳуқуқӣ тасдиқ ва ҳифз намуд, дуюм онҳоро барои ташкили зиндагии шоиста раҳнамун сохт, сеюм барои онҳо тамоми имконияти ҳунар ва дониши худро нишон додан фароҳам овард ва ғ.

Як нигоҳи кӯтоҳ ба тарафи ҳуқуқии масъала меандозем ва дарк хоҳем кард, ки Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат то чи андоза мавқеи бонувонро аз лиҳози ҳуқуқӣ мустаҳкам ва боварибахш намудаанд.

Аз ҳама аввал, ин мавқеъ ва манзалати бонувонро дар Ватани мо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 ба тариқи муҳокимаи умумӣ таҳия ва тасдиқ шуд, ҳамчун мавқеи махсус қайд намуд. Яъне, ҳамчун узви фаъоли ҷомеа ва шаҳрванди озоду ташаббускори мамлакат будани занону бонувонро Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад ва онҳоро дар ҳар як иқдомашон зери ҳимоят мегирад.

Сеюми декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ба тавсиб расид, ки аз иқдомоти наҷиби шахсияти аввали мамлакат ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2005, таҳти №89 Қонун “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”-ро қабул намуд.

Қонуни дигаре, ки дар пояи қонунҳои демократитарин давлатҳои дунё дар мамлакати мо қабул шуд, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон” аст, ки 19 июли соли 2022 зери №1890 ба тавсиб расида буд.

Дар баробари чунин қонунҳои ҳаётан муфид ва барои занону бонувон кушодани роҳи пуршарафи ширкати фаъол дар давлатдориву ватансозӣ, инчунин барномаҳои гуногуни стратегӣ низ рӯи кор омаданд, ки монандашро дар дигар мамлакатҳои дуру наздик дидан наметавон. Масалан, барои солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030 “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила” қабул гардид. Пеш аз ин, Барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391 тасдиқ гардид. Инчунин, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030) анҷом шуд ва боз ҳам идома ёфта истодааст, ки аз зумраи чунин ҳуҷҷатҳои муҳим ба ҳисоб меравад. “Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ шудааст, боз ҳам мақоми зан-модарро дар ҷои аввал мегузорад.

Аз ин рӯ, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллатамон аст, ки даврони истиқлолро барои занону духтарони тоҷик давраи аз ҳама мувофиқ барои озодандешӣ, зиндагонии шоиста ва имкониятҳои ҳаматарафа муфид маънидод кардаанд. Занону бонувон дар ин рӯзҳо метавонанд дар дилхоҳ соҳа кору фаъолияти самарабахш намоянд ва онҳо дар баробари модару ҳамсар будан инчунин дар самтҳои роҳбарӣ, муҳандисӣ, ронандагӣ, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муҳофизи Ватан фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти кишвар ва осудагии миллат расонда истодаанд. Дар ин ҷода низ ба санадҳои Паёми Пешвои муаззами миллат муроҷиат мекунем, ки дар он омадааст:

“Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд”.

Ин шумораҳо дар тасаввури инсон намеғунҷанд, вале онҳо дар амал вуҷуд доранд. Ин қуввае аст, ки миллатро ба сӯи ободии бештар ва озодии олитар мебарад. Ҳар миллате, ки ба зан ва модараш арҷ гузошт, он миллати абадзинда аст. Сарвари давлат эътимоди худро ба ин қувва чунин баён кардаанд:

“Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”.

Мо бонувон, ки дар меҳвари эътимоди Пешвои миллат қарор дорем, бояд ба ин эътимод сазовор бошем. Махсусан, бояд ҳар яки мо аз ин озодиву озодандешӣ, ки нисбати мо муқаррар шудааст, ба таври мусбат ва барои ояндаи миллат дифоъ кунем, зеро истиқлоли зан волотарин намунаи истиқлоли Миллат ва Ватан аст.

Давлатмо Зайдуллоева, мудири китобхонаи илмии ДДТТ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top