ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ИФОДАИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Бинанда: 185 | Санаи нашр: 17 Январ 2025

Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як рӯйдоди муҳимми сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Паём на танҳо таҳлили вазъи умумии кишвар, балки ба таври возеҳ ва равшан стратегияи рушд ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, амният ва суботи сиёсии мамлакатро дар бар мегирад. Он ба мардуми Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро нишон медиҳад ва онҳоро ба амалҳои мушаххас барои рушди оянда даъват менамояд. Паёми Пешвои миллат дорои як қатор рисолатҳо мебошад, ки яке аз муҳимтарини онҳо – таҳкими истиқлолияти давлатӣ аст.

Ҳақиқатан, Истиқлолият барои ҳар як миллат неъмати бебаҳост, ки бо заҳматҳо, кӯшишҳо ва ҷонфидоиҳо ба даст оварда шудааст. Истиқлолият барои халқ имкониятҳои зиёдро барои рушди кишвар, ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, инчунин таъмини озодӣ ва мустақилияти иқтисодӣ ва сиёсии миллат муҳайё мекунад. Дар ин замина Паёми Пешвои миллат як марҳалаи муҳим дар равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар аст, ки ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва амнияти миллӣ равона мешавад. Истиқлолияти давлатӣ, ки дар соли 1991 барқарор гардид, барои Тоҷикистон ҳамчун давлат ва миллат омили муҳимми ҳастӣ мебошад. Вале, барои нигоҳ доштани истиқлолият ва амиқ кардани асосҳои он, талаботи зиёде вуҷуд доранд, ки дар паёми Пешвои миллат чандин маротиба таъкид шудааст.

Пешвои миллат ҳамеша дар паёмҳои худ на танҳо ба қадри озодӣ ва истиқлолияти давлатӣ, балки ба зарурати ҳифзи он таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ саҳми худро гузошта, ба озодӣ ва суботи кишвар хидмат кунад. Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таҳкими неруҳои қудратӣ, ваҳдат, сарҷамъу муттаҳидиро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки «....ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем. Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».

Паёми Пешвои миллат дар солҳои гуногун ба масъалаи рушди соҳаҳои муҳимми иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ равона мешавад, ки онҳо барои устувории истиқлолияти давлатӣ заруранд. Барои ҳифзи истиқлолият ва амнияти кишвар, Пешвои миллат барномаҳое ба назар мегузоранд, ки тавассути рушди инфрасохтор, иқтисоди бозорӣ, таҷдиди нерӯи инсонӣ ва рушди иҷтимоӣ амалӣ мешаванд.

Чуноне ки дар Паём таъкид карда шуд, «...Вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд. Гузашта аз ин, ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз дар масири дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим қарор дорад. Бо дарназардошти ин омилҳо, моро зарур аст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошамонро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият диҳем. Иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд».

Ҳамин тавр, гуфтан имконпазир аст, ки Паёми Пешвои миллат ҳар сол ҳамчун як роҳнамои стратегӣ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушди кишвар баррасӣ мешавад. Он на танҳо масъалаҳои сиёсӣ, балки иҷтимоиву иқтисодиро низ дар бар мегирад ва аз ин рӯ, барои мардуми Тоҷикистон як усули амалӣ барои расидан ба ҳадафҳои олии миллат мебошад. Истиқлолияти давлатӣ як воқеият аст, ки дар зеҳни ҳар як шаҳрванди кишвар ҷой мегирад ва паёми Пешвои миллат ҳамин гуна қалбҳои халқро ба худ ҷалб мекунад, то ҳар як шаҳрванд дар роҳи расидан ба рушди устувор ва зиндагии шоиста дар фазои истиқлол саҳми арзанда гузорад.

 

Абдуллозода Нурмуҳаммади Алиавсат, мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top