Муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон ҳамчун ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг решаҳои амиқи таърихӣ доранд. Ин равобит на танҳо аз замонҳои қадим шурӯъ шудаанд, балки имрӯз низ бо ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ рушд карда истодаанд.
Тоҷикистон ва Эрон аз замонҳои қадим бо ҳам робитаҳои қавии фарҳангӣ ва таърихӣ доштанд. Дар давраи ҳукмронии империяҳои Ҳахоманишиён, Сосониён ва Сомониён, ин ду минтақа ҳамчун марказҳои тамаддуни форсӣ маъруф буданд. Забони форсӣ, ки то имрӯз забони расмии муошират дар ҳар ду кишвар мебошад, нақши муҳим дар пайвастани мардумҳо бозидааст. Шоирон ва донишмандони бузург, аз ҷумла Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз ва Саъдӣ мероси муштараки фарҳангии ин ду миллатро бой гардонидаанд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи соли 1992 барқарор шуд. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи соли 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуда, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон 18 июли соли 1995 ифтитоҳ гардид.
Дар тӯли 33 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳои 1995, 1996, 1997, 1998, 2000, 2003, 2006, 2007, 2008, 2009, 2010, 2011, 2013, 2022 ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1997, 2000, 2002, 2004, 2006, 2008, 2010, 2011, 2012, 2014, 2019, 2021, 2023 ва 2024 сафар намудаанд.
Байни ду кишвар ҳудуди беш аз 250 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз 15 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.
Имрӯз ҳамкориҳои дипломатӣ миёни ду кишвар дар сатҳи баланд қарор доранд. Роҳбарони ду кишвар мунтазам мулоқотҳо доир мекунанд, то муносибатҳои сиёсиро таҳким бахшанд ва ҳамкориро дар созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Созмони Ҳамкории Исломӣ, густариш диҳанд.
Эрон яке аз шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо сармоягузории Эрон, лоиҳаҳои муҳим, аз ҷумла нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ва нақби “Истиқлол” амалӣ шудаанд. Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва алюминий содир мекунад, дар ҳоле ки Эрон маҳсулоти саноатӣ ва техника ворид менамояд. Барои оянда густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва саноат ба нақша гирифта шудааст.
Пайвандҳои фарҳангӣ ва илмӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар сатҳи баланд қарор доранд. Ҳар сол фестивалҳо ва барномаҳои фарҳангии муштарак баргузор мешаванд. Донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи табодули донишҷӯён ва пажӯҳишҳои илмӣ ҳамкорӣ мекунанд. Барномаҳои омӯзиши забони форсӣ ва адабиёти классикӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Эрон роҳандозӣ шудаанд.
Аммо, бо такя ба заминаҳои қавии таърихӣ ва манфиатҳои муштарак, шарикии ду кишвар дар оянда метавонад боз ҳам қавитар шавад. Дар назар аст, ки лоиҳаҳои инноватсионӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи технология ва рушди инфрасохтор ба шарикии дуҷониба қувват мебахшанд.
15 январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён имзо гузоштанд.
Дигар санадҳои имзошуда инҳоро дар бар мегиранд:
- Баёнияи муштарак миёни сарони ду давлат;
- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Барномаи иҷрои ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони банодир ва дарёнавардии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рушди транзити бор тариқи бандари Чобаҳор.;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои миллӣ ва муосир;
- Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав барои давраи солҳои 2025-2027;
- Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Пажӯҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Барномаи амалҳои муштарак ба Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони беҳзистии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаҳои иҷтимоӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои осебпазир;
- Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Пажӯҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Тоҷикистон ва Созмони интиқоли хуни Эрон;
- Ёддошти тафоҳум дар заминаи беҳдошти чорво ва байторӣ миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноиби Президент оид ба кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти занон ва оила;
- Ёддошти тафоҳум миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти генералии нозиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иртиботот ва фанноварии иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон; - Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази омори Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони миллии стандарти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология;
- Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳуми омӯзишӣ миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон; - Ёддошти тафоҳум миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази Пажӯҳишии Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таҳқиқоти илмии Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Хулоса, шарикии Тоҷикистону Эрон намунаи равшани ҳамкории ҳамаҷониба байни ду кишвари ҳамзабон мебошад. Бо такя ба таърих, фарҳанг ва манфиатҳои муштарак, ин муносибатҳо имкони рушд ва тавсеаи бештар доранд. Талоши ҳар ду кишвар барои таҳкими ҳамкориҳо дар ҳамаи соҳаҳо умедбахш аст ва метавонад намунаи ибрат барои дигар давлатҳо бошад.
Усмон Сафаров, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва
муносибатҳои байналмилалии ДДТТ