ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ОН

Бинанда: 41 | Санаи нашр: 16 Январ 2025

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ки 28-уми декабри соли 2024 пешкаши сокинони кишварамон гардид, фаъолияти хоҷагию молиявии мамлакат ба таври муфассал мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар Паёми Сарвари давлат натиҷаҳои бадастовардаи фаъолияти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар соли сипаригашта баён гардида, муваффақияту камбудиҳои онҳо ба диққати аҳли ҷомеа расонида шуда, самтҳои нави фаъолияти давлату ҳукумат дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, инчунин дар сиёсати дохиливу хориҷии кишвар нишон дода шуд.

Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, мардуми шарафманди мо соли 2024-ум 30-юмин солгарди аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёрро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд. Аҳаммияти таърихии тақдирсози Конститутсия дар он ифода меёбад, ки аввалин бор дар тамоми давраи мавҷудияти чандинҳазорсолаи миллатамон ба таври қонунӣ ба ҷаҳониён истиқлоли ба даст овардаи давлати мо ва роҳи интихоб кардаи ҳалкамонро дар давлатдорӣ эътироф ва эълон намуд.

Конститутсия ба мо ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла дахлнопазирии ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф, номус, обрў, манзили истиқоматӣ, маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот, мухобирот, ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ, соҳибии моликият ва ғайра додааст.

Тамоми нуктаву хулосахои бахши иқтисоду иҷтимоиёт ва сиёсати дохилию хориҷии кишвар, баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон ва даҳҳо масъалаҳои дигар дар Паёми таъкид гардидаанд.

Дар Паём дастовардҳои халқи Тоҷикистон дар соли гузашта таҳлил карда шуд. Мувофиқи он соли 2024 маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 150 миллиард сомонӣ ва рушди иқтисоди воқеии он ба  8,4 фоиз расонда шуд.

Бояд қайд кард, ки дар ин нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ҳиссаи шаҳрвандон, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ҷумҳурӣ хеле калон мебошад. Барои корҳои бунёдкорӣ ва ободонии кишвар аз тарафи соҳибкорону шахсони саховатпеша дар се соли охир зиёда аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шудааст.

Яке аз масъалаҳои хеле муҳимми иҷтимоии кишвари мо таъмини шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойҳои корӣ мебошад. Аз ин рў, дар Паём қайд гардид, ки миқдори умумии ҷойҳои нави кории муҳайёшуда ва барқароргардида дар панҷ соли охир зиёда аз 74 ҳазорро ташкил кардааст. Аз ин ҳисоб танҳо соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ташкил гардида, қариб 20 ҳазор ҷойҳои корӣ муҳайё гардидааст. Дарвоқеъ ин барои боз ҳам беҳтар гардидани вазъи бозори меҳнат ва сатҳи зиндагии мардум аҳамияти калонро доро аст. Албатта, дар амалӣ намудани ин муваффақиятҳо нақши соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи кишвар назарррас мебошад.

            Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидааст, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат солҳои охир аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорон бунёди иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ вусъат ёфта истодааст. Хурсандибахш аст, ки дар се соли охир дар мамлакат зиёда аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангию фароғатӣ ва дигар иншоотҳо сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди татбиқи сиёсати иқтисодӣ ба масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъол гардонидани нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа пайваста тадбирҳои лозимиро роҳандозӣ мекунад.

Яке аз омилҳои пешравии фаъолияти соҳибкорӣ кам кардани санҷишҳои фаъолияти корхонаҳо аст. Бо ин мақсад дар самти санҷиши субъектҳои хоҷагидор мақомоти санҷиш аз 31 ба 23 расонда шуда, миқдори санҷиши субъектҳои мазкур аз 300 ҳазори соли 2016-ум дар соли 2024 то 42 ҳазор кам гардид.

Инчунин, дар Паём таъкид гардид, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ зарур аст, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунанда шумораи санҷишҳо ва давраи гузаронидан онҳо боз ҳам маҳдуд карда шавад.

Вобаста ба ин масъала, субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ вазифадоранд, ки ҳангоми таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо зарурат, аҳамият ва дурнамои танзими муносибатҳои ҷамъиятии иқтисодӣ, аз ҷумла муносибатҳои соҳибкориро дар маркази диққати худ қарор диҳанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишварро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти дастгирии субъектҳои хоҷагидор вусъат бахшида, барои пешгирӣ намудани коррупсия ва ҳама гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ чораҳои таъсирбахш андешанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳама намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мараторий эълон карда шавад.

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ заминаи зарурии ҳуқуқиро муҳайё менамояд, ки барои иқтисодиёти кишвар аҳамияти калонро доро аст.

Тошмуҳаммад Маҳмадхонов, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top