СОЛҲОИ 2025 – 2030 «СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ»

Бинанда: 262 | Санаи нашр: 15 Январ 2025

Дар марҳалаи нави тараққиёти ҷумҳурӣ таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.

Бо дарки муҳиммияти мавзуъ, дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар, бо ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатӣ солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид ва дар ин хусус фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 8 январи соли 2025, №911 ба тасвиб расид.

Имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва татбиқи саривақтии ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба раванди мазкур вусъат бахшида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбад ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ карда шаванд.

Инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот ва таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот инкишоф ёфта, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

Сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар рушд ёфта, маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ баланд бардошта мешавад.

Истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ ҷорӣ гардида, амнияти киберии махзанҳои маълумот таъмин мешавад. Дар баробари ин соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ ташаккул меёбад.

Дар ин раванд, омода кардани барномасозон ва дигар мутахассисони зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ амалӣ шуда, тавассути ҳавасмандгардонӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ кадрҳои баландихтисоси миллӣ рӯйи кор меоянд.

Рақамикунонии иқтисодиёт - ин равандест, ки дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ ба ҳамаи соҳаҳои иқтисоди кишвар ворид шуда, ба рушди устувори иқтисодӣ ва мустаҳкам намудани мавқеи кишвар дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Дар ин ҷода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ қайд карданд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ. Гузариш ба иқтисоди рақамӣ як раванди мураккаб буда, барои амалишавии он лозим аст, ки дар кишвар заминаҳои ҳуқуқӣ ба таври мукаммал такмил дода шаванд.

Дуюм, то шабакаҳои панҷ–ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот. Инкишофи инфрасохтори рақамӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми раванди рақамикунонии иқтисодиёт барои рушди иқтисоди рақамӣ омили калидӣ буда, бо мақсади нигоҳдорӣ, таҳлил ва коркарди маълумотҳои ҳаҷми калон мукаммал гардонида шавад.

Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ. Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ - ин ҷараёни автоматикунонӣ ва электронӣ кардани тамоми хизматҳои давлатӣ мебошад, ки пеш аз ҳама, дастрасии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба хизматҳои давлатӣ таъмин ва осон мегардонад. Барои рушди самараноки иқтисоди рақамӣ, зарур аст, ки давлат тамоми хизматрасониҳои худро ба шакли рақамӣ табдил дода, хизматрасониҳо дар як ҷо, ба таври худкор ва оддӣ ба шаҳрвандон пешниҳод карда шаванд.

Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ. Ҳадафи асосии раванди мазкур ин аст, ки одамон дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт бо технологиҳои нави иттилоотӣ ва рақамӣ шиносоии амиқ пайдо кунанд ва тавонмандии истифодаи онҳоро дар фаъолияти ҳаррӯза ва кории худ дошта бошанд.

Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ. Ҳадафи асосӣ - ин баланд бардоштани сифати хизматҳо, таъмин ва осон кардани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ мебошад. Истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва низоми бақайдгирии давлатӣ имконият медиҳад, ки тамоми равандҳо зуд, дақиқ ва муассир ба анҷом расонида шаванд.

Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзани маълумот. Амнияти киберӣ як бахши хеле муҳим ва асосии муҳофизат ва бехатарии маълумот, махсусан, дар муассисаҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ мебошад. Маҳз дар замони рушди технологияҳои рақамӣ, ки дар он ҳазорҳо гигабайт маълумотҳо ҷамъоварӣ ва коркард мешаванд, муҳим аст, ки давлат ва ташкилотҳо барои таъмин кардани амнияти киберии махзани маълумот чораҳои муассир андешанд.

Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш ба рақамикунонии савдо қарор дорад. Рақамикунонии савдо - ин равандест, ки дар он тамоми амалиёти савдо ба шакли онлайнӣ амалӣ гардонида шуда, ҳуҷҷатҳо, ба монанди шартномаҳо, ҳисоб-фактураҳо, эъломияҳои гумрукӣ ва дигар санадҳо тавассути системаҳои электронӣ анҷом дода мешавад, ки ин боиси соддагардонии раванди савдо шуда, ин раванд зудтар, осонтар ва бехатар мегардад.

Афзалиятҳои рақамикунонии раванди савдо барои тоҷирон ва соҳибкорони кишвар дар инҳо зоҳир мегардад:

  • Тезонидани раванди савдои дохилию хориҷӣ ва кам кардани хароҷотҳо;
  • Дастрасӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ;
  • Ташкили логистикаи самаранок ва пайгирии молу хизматрасониҳо.

Хулоса, ташаккул ва рушди иқтисоди рақамӣ як қадами муҳим барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар буда, рушди он Тоҷикистонро ба як ҷузъи асосии иқтисодии минтақа ва ҷаҳон табдил дода, барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва ҷомеа такони ҷиддӣ медиҳад.

 

Назаралӣ Салимов, н.и.ф-м., дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top