ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

Бинанда: 78 | Санаи нашр: 13 Январ 2025

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” ба Маҷлиси Олӣ қайд гардид, ки “дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои ташаккули «иқтисоди сабз» тадбирҳои мушаххас андешида шаванд”.

Раванди ташаккул ва пешрафти иқтисоди “сабз” идомаи мантиқии рушди устувор буда, дар фарқият аз рушди устувор ҳамбастагии унсурҳои рушди иқтисодӣ ва устувории экологиро инъикос менамояд. Ташаббуси иқтисоди “сабз” ба се принсипи асосӣ такя мекунад: истифодаи механизмҳои бозорӣ барои ба даст овардани рушди устувор; нигоҳдории сармояи табиӣ дар сатҳи милливу байналмилалӣ; таъмини шуғли аҳолӣ аз ҳисоби ташкил кардани ҷойҳои кории “сабз”.

Дар соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 96 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз неруи об истеҳсол гардида, яке аз кишварҳои пешбарандаи принсипҳои иқтисоди “сабз” дар энергетика эътироф гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки айни замон яке аз роҳҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои Созишномаи Париж, ташаккули “иқтисоди сабз” ва истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда ба ҳисоб меравад.

Мусаллам аст, ки яке аз роҳҳои ҳалли муваффақи мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим рушди “иқтисоди сабз” мебошад, ки дар навбати худ зарурати рушди “энергияи сабз”-ро ба миён меорад.

Тоҷикистон, ки аз рӯйи нишондиҳандаи фоизии истеҳсоли “неруи сабз” дар ҷаҳон ҷойи 6-умро мегирад, аз рӯйи ҳиссаи ночизи худ дар ҳаҷми партовҳои гулхонаӣ низ дар мақоми мусбат қарор дорад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, кишвари мо бо мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои “иқтисоди сабз” Стратегияи рушди ин соҳаро барои солҳои 2023-2037 таҳия намуда, мавриди татбиқ қарор додааст. Ин санад истифодаи самараноки обу замин, маъданҳои табиӣ, ҷалби сармоя, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалиро дар ин самт дар назар дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзоиши истеҳсоли “энергияи сабз”-ро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ва соҳаҳои ояндадори он, бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда, номбар намуданд.

Иқтидори Тоҷикистон дар самти истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда хеле васеъ мебошад. Ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз буда, аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо кишвари мо ҷойи 130-юмро ишғол намуда, дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол менамояд ва яке аз кишварҳои пешсафи сайёра аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» ба ҳисоб меравад.

Тибқи нақша Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда иқтидори истеҳсоли “энергия сабз”-ро ҳамчун заминаи асосии пешбурди “иқтисоди сабз” ду баробар афзоиш медиҳад.

Дар ин замина бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояву технологияҳои “сабз” ба иқтисодиёт аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон “Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037” қабул гардида, мавриди татбиқ қарор гирифтааст.

Ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иқтисодиёти “сабз” хусусияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дорад, зеро беш аз 64 фоизи захираҳои оби Осиёи Миёна дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Татбиқи Стратегияи иқтисодиёти “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ҷиҳати ҳифз ва нигоҳ доштани табиати зебои кишварамон, ҳамзамон барои рушди устувори иқтисоди мамлакат равона шудааст.

Абдуҳотиф Қодиров, муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top