ПАЁМҲО – ХУДОГОҲӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛАТАНД

Бинанда: 33 | Санаи нашр: 13 Январ 2025

Муҳимтарин дороии моддиву маънавии шахс ин Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат, ростӣ, дӯстӣ, ишқ ва меҳрубонӣ мебошад, ки инро мо дар тӯли 33 соли истиқлолият ва 27 соли ваҳдати миллӣ дар ҳар як Паёми Пешвои миллат эҳсос менамоем. Воқеан, ба арсаи сиёсат ва таърихи навини халқи тоҷик омадани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амри таърих ва ниёзи асосии миллат аст, ки истиқлолияти миллӣ ба даст омад. Дар тӯли 33 соли Истиқлолият мо истиқлоли сиёсӣ ва якпорчагии ҷумҳуриамонро ҳифз намуда, дар як муддати кӯтоҳ ба як қатор муваффақият ноил шудем. Хушбахтона, аксарияти кишварҳои дунё ба расмият Ватани моро шинохтанд. Сиёсати давлати мо дар арсаи байналмилалӣ пазируфта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз баландтарин минбарҳои сиёсии дунё суханронӣ ва дар сессияи Созмони Милали Муттаҳид раисӣ карда, обрӯву эътибори Ватани азизамонро баланд бардоштанд.

Бояд зикр намуд, ки андешаи ҳуввияти миллӣ аз ибтидои истиқлолият ҳамчун меҳвари ҷаҳоншиносии сиёсӣ аз ҷониби Пешвои миллат пазируфта шуд. Ҷустуҷӯ намудани ҳалли муҳимтарин масъалаҳои давлатдории навини тоҷикон аз саҳифаҳои дурахшони таърихи он, аз фоҷеаву сабақҳои гузаштаи миллат нусрати истиқлолият аст.

Аз аҳди ҳукмронии Ориёиҳо ва Сомониён то ба замони мо ба таҳқиқ гирифтану таълиф намудани асарҳои бунёдию мондагаро мисли «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни Ориёӣ», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» далели равшани асоси миллӣ доштани консепсияи давлатдорӣ ва бунёд намудани низоми нави сиёсии кишвар нусрати истиқлолияти мо мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва оқилонаю мантиқии Пешвои миллат халқи тоҷик шояд дар тӯли таърихи дароз бори нахуст худро соҳиби ҳамин Ватан, соҳиби ҳамин обу хок ва ҳамин марзу бум эҳсос намуд, ки сарчашмаи он истиқлолият аст.

Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ аз буҳрони шадиди сиёсӣ раҳо ёфта, ба ҳайси як кишвари худвижа ва дорои иқтидорҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва зеҳнию маънавӣ ба раванди ҷаҳони муосир пайваста, дар дунёи имрӯз ҷойгоҳ ва мақому мартабаи сазовори худро соҳиб гашт, ки ин нусрати истиқлолият аст.

Комёбии асосие, ки ба музаффарияти минбаъдаи Тоҷикистон боис гашт, ин хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ мебошад, ки бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ин маънои онро дошт, ки Сарвари давлат баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ваъдаи дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додаи хеш дар назди халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ вафо карданд.

Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

Шукргузори онем, ки миллати тамаддунсози тоҷик имрӯз давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст. Акнун барои халқи тоҷик чун обу ҳаво ваҳдати миллӣ зарур аст. Танҳо якдилона мо бо ваҳдат ва меҳнати софдилона метавонем истиқлолияти худро ҳифз намоему ватани азизамонро ободу зебо гардонем.

Бешубҳа, оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он, махсусан насли ояндасози миллат - ҷавонон вобаста аст. Бале, ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши онҳо гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар як ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намояд. Ва инчунин барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошад.

Пӯшида нест, ки таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат бо ҷои кори доимӣ яке аз вазифаи мураккаб дар назди давлат мебошад. Таҷриба нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт натиҷаи хуб дошта, ба ҳар як шаҳрванд имконияти кор ва фаъолият фароҳам оварда шуд.

Ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон - истиқлолияти энергетикӣ, ки моҳи майи соли 2027 пурра таъмин карда мешавад, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб рафта, ин ҳадафҳо таъминкунандаи рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошанд.

Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Аз ин лиҳоз, орзу мекунем, ки 33 соли истиқлолият чун 33 зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯъ оварад. Бигузор, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи поянда, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони Ватани азизи мо гардад.

Хулоса, бо дарназардошти авзои мураккаби сиёсии ҷаҳони муосир ва хатарҳое, ки аз берун ба якпорчагии давлатамон таҳдид мекунанд, моро зарур аст, ки дар атрофи сиёсати созандаю хирадмандонаи Пешвои миллат сарҷамъу муттаҳид шуда, барои татбиқи ҳадафҳои страгегии кишварамон ва ободию шукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо дучанд кӯшиш ба харҷ диҳем.

Сарвиноз Урунова, н.и.и., мудири шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим

Бойалӣ Ҳусейнов, н.и.п., сармутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top