НАҚШИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ДАР ТАЪМИНИ РАҚОБАТПАЗИРИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Бинанда: 53 | Санаи нашр: 11 Январ 2025

Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.

Бо дарки муҳиммияти мавзуъ, дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар, бо ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паёмашон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид.

Имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва татбиқи саривақтии ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба раванди мазкур вусъат бахшида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбад ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ карда шаванд.

Инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот ва таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот инкишоф ёфта, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

Сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар рушд ёфта, маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ баланд бардошта мешавад.

Истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ ҷорӣ гардида, амнияти киберии махзанҳои маълумот таъмин мешавад. Дар баробари ин соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ ташаккул меёбад.

Дар ин раванд, омода кардани барномасозон ва дигар мутахассисони зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ амалӣ шуда, тавассути ҳавасмандгардонӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ кадрҳои баландихтисоси миллӣ рӯйи кор меоянд.

Дар шароити имрӯза муҳимтарин омили мусоидаткунанда ба рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодии давлат ташаккул додани муҳити инноватсионии созгор дар заминаи истифодаи босамари технологияи рақамӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро рушди бо шароити зуд тағйирёбандаи муҳити инноватсионӣ фаро гирифта, бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст. Аз ин рӯ, ҳаёти имрӯзаи одамон бо истифодаи мақсадноку босамари технологияи рақамӣ ва рақамикунонӣ дар соҳаи истеҳсолот, тиҷорат ва хизматрасонӣ, муҳимтарин омили рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва инноватсионии мамлакат дониста мешаванд.

Дар ин росто Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи рушди иқтисодиёти рақамӣ қарор дошта, он барои рушди иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат бениҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро дар ин марҳилаи тараққиёт иттилоот ба омили асосии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва технологии давлатҳо табдил ёфта, меҳвари асосии онро истифодаи зеҳни сунъӣ ташкил медиҳад. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 22 декабри соли 2017 иброз доштанд, ки: “…сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд”.

Мусаллам аст, ки истифодаи технологияи рақамӣ даҳсолаи охир ҳамчун мояи асосии рушди иқтисодиёт дар пояи инқилоби чаҳоруми саноатӣ ба вуҷуд омада, боиси ташаккул ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт гардидааст. Дар заминаи истифодаи босамари технологияи рақамии муосир рушди иқтисодиёт таъмин гардида, сатҳи рақобатпазирии он баланд мегардад. Бинобар ин, Роҳбарияти олии кишвар бо мақсади баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб доир ба рушди соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар ба ҷанбаҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва иқтисодии истифодаи зеҳни сунъӣ диққати махсус зоҳир менамоянд. Ҳалли ин масъалаҳо ба истифодаи васеи зеҳни сунъӣ мусоидат намуда, дар маҷмуъ, ба баланд гардидани ҳосилнокии меҳнат, коҳиш додани хароҷоти истеҳсолот, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва тақвияти рақобатпазирии ширкатҳои ватанӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Лозим ба таъкид аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат як қатор корҳои назаррас дар кишвар ҷиҳати рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти тиҷорат анҷом дода шудаанд. Консепсия ва Барномаи рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» қабул гардида, аз соли 2019 бошад, расман Портали савдои Тоҷикистон фаъолият менамояд. Қабули ҳуҷҷатҳои болозикр ба рушди заминаҳои ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ дар кишвар мусоидат намуда, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро дар ин самт муайян менамояд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳ ба иқтисоди рақамӣ беш аз пеш зиёд гардида, дар давлатҳои тараққикарда тақрибан 92 дарсади хариду фурӯши молу маҳсулот бо истифода аз шабакаи глобалии интернет анҷом дода мешавад. Дар Тоҷикистон низ ин тамоюл рӯ ба афзоиш дошта, дар ин марҳала лозим аст,ки ба фарҳанги истифодаи технологияи рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Вобаста ба таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ, иқтисоди рақамӣ асоси вусъат бахшидани неруи инсонӣ буда, яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Кишварҳои рушдёфта аллакай дар марҳалаи баъдисаноатӣ қарор дошта, соҳаи хизматрасонӣ дар таркиби иқтисод нақши асосиро мебозад. Чунки бо технологияҳои иттилоотии муосир ҷомеа ҳамеша дар ҳоли пешрафт буда, боиси хеле осон гаштани ҳаёти одамон гашта истодааст.

Албатта, Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи иқтисоди ҷаҳонӣ ба ин равандҳои ташаккули бахшҳои иқтисодиёти иттилоотӣ, аз ҷумла, иқтисоди рақамӣ шомил буда, дар самти рушди инноватсиониву рақамикунонӣ, сатҳу сифати паҳншавии интернет-хизматрасонӣ ва дараҷаи рушди инфрасохтори технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фаъол аст.

Ҳамин тавр, дар самти рақамикунонии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба чашм мерасанд. Дар баробари ин ҳалли чунин масъалаҳоро зарур мешуморем:

 дар татбиқи ҳадафҳои бахшида ба солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ“ бештар таҳия намудани лоиҳаҳои рақамӣ;

 татбиқи ғояҳои нави инноватсионӣ дар раванди истеҳсолоти маҳсулоти ватанӣ;

 мутобиқ намудани рушди инфрасохтори замонавии телекоммуникатсионӣ ва коҳиш додани нобаробариҳои рақамӣ вобаста ба минтақаҳои кишвар;

 татбиқи лоиҳаҳои сабз ва баланд бардоштани салоҳиятнокӣ дар раванди гузариш ба иқтисоди рақамӣ;

 ба рушди неруи зеҳнии ҷомеа дар заминаи баланд бардоштани донишҳои техникии аҳолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар заминаи он кадрҳои боэътимодро омӯзонидан ва савияи дониши онҳоро такмил додан.

Ҳамин тавр, ташаккули иқтисоди рақамӣ дастрасиро ба иттилоот беҳтар намуда, муҳаррики пешбарандаи фаъолияти инноватсионӣ дар рушди иқтисоди миллӣ дониста мешавад. Аз ин лиҳоз, таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, нақши технологияи рақамӣ дар ин самт бузург мебошад.

Муртазоев Ораз Қарахонович, дотсенти кафедраи фаъолияти бонкӣ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top