Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” санаи 28.12.2024 дар бинои навсохти Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Паём хеле муфассал, пурмазмун ва фарогири ҳамаи соҳаҳои фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ буда. дар он дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистон дар панҷ соли гузашта баён гардида, вазифаҳои афзун гардонидани онҳо ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлат мавҷуданд, мушаххас карда шуданд.
Мавриди қайд аст, ки дар Паёми имсола низ чун солҳои пешин ба соҳаи маориф ва илм аҳамияти хоса дода шуд. Дар суханронии худ Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ ба талаботҳои замона ҷавобгӯ сохта ба истифода дода шудааст.
Дар Паём қайд гардид, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад; маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.
Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
Дар баробари ин Сарвари давлат кормандони соҳаи маорифро вазифадор намуданд, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва самти тарбиявиро тақвият диҳанд.
Дигар вазифае, ки дар назди омӯзгорон миактабҳои олӣ гузошта шуд, ин тайёр намудани мутахассисони замони муосир дар асоси илмҳои зеҳни сунъӣ ва идоракунии рақамӣ мебошад.
Мо дастуру супоришҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорони мактабҳои олӣ гузоштаро сармашқи фаъолияти пурмасъулияти худ намуда, кӯшиш менамоем, ки мутахассисони ба бозори муосир мувофиқро тайёр намоем.
Моро зарур аст, ки дар атрофи сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу муттаҳид шуда, баҳри ободию шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистон ҳамеша саъю талош намоем.
Маҳмадризо Холов, муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДДТТ