Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки санаи 28 декабри соли 2024 ироа гардид чунин омадааст: “Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад”.
Дар шароити имрӯза рушд ёфтани муносибатҳои иқтисодӣ ва дигаргуниҳои мураккаби иҷтимоӣ ба ҷамъият таъсири худро расонида, қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи ин тағйиротҳо рушди босуръати технологияҳои нав ва вусъати дастрасӣ ба имкониятҳои рақамикунонӣ ба ҳисоб меравад.
Рушди технологияҳои рақамӣ бе ташккулёбии инфрасохтори пурқуввати идоракунии андоз, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рақамикунонии андозситонӣ ғайриимкон мебошад. Инчунин, Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём дастур доданд, ки “Аз ин рӯ, ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд”.
Ба андешаи мо, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупорӣ аз ҷониби кумитаю мақомотҳои дахлдори давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар Паём қайд гардид, ки “Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд”.
Дар шароити ҳозира яке аз вазифаҳои асосии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усулҳои нави замонавӣ (истифодаи технологияҳои рақамӣ, хизматрасониҳои фосилавӣ) ҷамъоварӣ ва самаранок ситонидани андозҳо маҳсуб ёфта, яке аз самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки фаъолияти Кумитаи мазкур ба ҳисоб меравад. Зеро Кумитаи андоз ва андозсупорандагон дар шароити муосир ба хулосае омадаанд, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ ба ҳарду ҷониб манфиатҳои мутақобила дорад.
Хулоса, ҷорӣ ва вусъат додани технологияи рақамӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати андозсупорандагон яке аз самтҳои афзалиятноку муҳимтарини фаъолияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои таъмини шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ, пешгирии коррупсия, ноил гардидан ба ҳадафҳои ташаккул ва рушди Ҳукумати электронӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Комрон Раҷабов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи андоз ва суғурта