МАЪРИФАТИ МОЛИЯВИИ ШАҲРВАНДОН ВА РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАҲОИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Бинанда: 77 | Санаи нашр: 07 Январ 2025

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2024) ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон ва рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаҳои муҳими зеринро оид ба баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон ва рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ иброз намуданд:

1. Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд.

2. Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд. Дар ин раванд, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. Дар бисёр кишварҳо нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80 – 90 фоизро ташкил медиҳад. Ин яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад.

3. Бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Ҷиҳати идома додани ин раванд ба Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ супориш дода мешавад, ки ҳаҷми пешниҳоди қарз ба иқтисодиётро ҳамасола зиёд намоянд. Нишондиҳандаи мазкур то охири соли 2027 бояд ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонида шавад.

4. Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ барои боз ҳам баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ бояд чораҷӯйӣ намоянд. Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати таъсис додани филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳо бо фоизи нисбатан паст ва таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати бонкӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат тадбирҳои мушаххас андешанд.

Мо, олимону муҳақиқони самти иқтисодиётро зарур аст, ки барои баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораандешӣ намуда, аҳолии кишварро дар самти самаранок истифодабарии буҷети оила ва роҳҳои зиёд намудани ҷалби сармояро омӯзонем. Барои расидан ба мақсаду супоришҳои болозикр дар байни аҳоли курсҳои омӯзишии молиявӣ ва истифодаи ғайринақдии пулро ба тариқи ҳузурӣ, маҷозӣ ва сайёр ташкил намоем.

Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём иброз намуданд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

1. такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ;

2. то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот;

3. рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ;

4. рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ;

5. истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ;

6. андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот;

7. ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.

Бо ин мақсад, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.

Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. Ба вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон, дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад.

Аз гуфтаҳои боло хулоса кардан мумкин аст, ки Роҳбарияти олии мамлакат пайваста барои пешрафт ва шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистон ғамхориҳо намуда, ҷиҳати беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандонамон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Раҷабзода Олимхон Ҷурахон, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи

баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top