САРМОЯИ ИНСОНӢ – ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОР

Бинанда: 109 | Санаи нашр: 07 Январ 2025

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2024) ба масъалаи сармояи инсонӣ аҳаммияти хосса зоҳир намуда, онро ҳамчун омили калидӣ барои рушди устувори мамлакат мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.

Маврид ба зикр аст, ки маориф аз ҷониби Пешвои миллат соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пазируфта шуда, ҳадафи асосии он таъмини ҳамаҷонибаи рушди сармояи инсонӣ дар кишвари азизамон мебошад. Зеро, таълиму тарбия ҳамчун унсури муҳимми сармояи инсонӣ бояд пайваста такмил дода шуда, ба талаботи бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯй бошанд.

Маориф як бахши муҳим ва асосии сармояи инсонӣ маҳсуб ёфта, рушди он имконият медиҳад, ки шаҳрвандон дониш, салоҳият ва малакаҳои зарурии касбиро пайдо намоянд, ки ин барои рушди устувори ҷомеа хеле муҳим аст. Ҳар қадаре, ки сифати хизматрасониҳои таълимӣ беҳтар бошад, ҳамон андоза сатҳи сармояи инсонӣ боло рафта, дар маҷмуъ ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мусоидат мекунад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи сармояи инсонӣ дахл карда, сароғози онро ба соҳаи маориф рабт дода, ба масъулини соҳа ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.

Муассисаҳои томактабӣ, ҳамчун зинаи аввали низоми таълим дар ташаккули сармояи инсонӣ нақши муҳим дошта, барои кӯдакон заминаи асосиро ҷиҳати соҳиб шудан ба донишу маҳорати аввалия фароҳам месозанд.

Сармояи инсонӣ, ки асосан аз донишу малака ва қобилиятҳои шахсӣ иборат мебошанд, дар асоси таълиму тарбияи томактабӣ ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, маблағгузорӣ ба ин соҳа на танҳо ба рушди сармояи инсонии шахси алоҳида, балки ба пешрафти ҷомеа низ мусоидат мекунад.

Ҳамзамон, сармояи инсонӣ ба таври мустақим бо муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таълимӣ алоқамандии зич дорад. Муассисаҳои томактабӣ ба рушди қобилиятҳо ва малакаҳои кӯдакон мусоидат намуда, дар маҷмуъ ба беҳтар гардидани сифати зиндагӣ ва рушди иқтисодӣ оварда мерасонад.

Дар Паём қайд гардид, ки Ҳукумати кишвар аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, “Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Яъне, агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз бошад 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад”.

Бояд қайд намуд, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз пояҳои асосии низоми маорифи мамлакат маҳсуб ёфта, онҳо дар ташаккули сармояи инсонӣ нақши муҳим доранд. Ин муассисаҳо на танҳо дониши ибтидоӣ ва миёнаи касбиро фароҳам меоранд, балки барои тарбияи шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар, кордону болаёқат ва масъулиятшинос саҳми назаррас мегузоранд.

Бо дарназардошти нақши ин зинаи таҳсилот дар рушди сармояи инсонӣ, Пешвои муаззами миллат чун солҳои қаблӣ, дар Паёми навбатӣ низ пешниҳод намуданд, ки маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф аз 1 сентябри соли 2025-ум 30 фоиз зиёд карда шавад.

Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ низ тағйиротҳои назаррас ба амал омаданд. Яъне, агар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард, ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 адад ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.

Мавриди зикр аст, ки таҳсилоти олии касбӣ зинаи баландтарини низоми маорифи кишвар буда, он дар рушди сармояи инсонӣ нақши босазо дорад. Зинаи мазкури таҳсилот ба рушди дониш, салоҳият, малакаҳои касбӣ, эҷодӣ ва иҷтимоии шахс мусоидат намуда, мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнати ватанӣ ва хориҷӣ рақобатпазирро омода мекунад.

Умуман, соҳаи маориф як механизм барои эҷоди сармояи инсонӣ мебошад, ки тавассути он одамон метавонанд ояндаи дурахшонро барои худ ва наслҳои оянда фароҳам оварда, имкониятҳои навро барои зиндагии шоиста ва арзанда боз месозад.

Дар Паём тандурустии мардум ҳамчун ҷузъи муҳимтарини сармояи инсонӣ таъкид гардид. Пешвои миллат зикр намуданд, ки “Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст”.

Қобили қайд аст, ки соҳаи тандурустӣ ва сармояи инсонӣ бо ҳам робитаи зич доранд, зеро саломатӣ яке аз ҷузъҳои асосии сармояи инсонӣ ба шумор меравад. Соҳаи тандурустӣ дар ташаккули саломатии ҷисмонӣ ва равонии мардум нақши муҳим дошта, он барои рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва эҷодии инсон хеле муҳим аст. Дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббии босифат ба рушди солимии аҳолӣ, аз ҷумла насли ҷавон мусоидат мекунад. Аз ҷониби дигар, меҳнати самараноки кормандон ба сатҳи саломатии онҳо вобаста аст. Дар маҷмӯъ, таъмини шароити беҳтари тандурустӣ метавонад ба афзоиши истеҳсолоти миллӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат кунад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин қайд намуданд, ки “Тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад. Ман зимни вохӯриҳои худ масъалаҳои норасоии мутахассисон, паст будани сифати доруворӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти ҳозиразамони тиббиро борҳо таъкид карда будам. Роҳбарону масъулони соҳа вазифадоранд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таъмин намудани рушди бомароми соҳа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зарурӣ андешида, хизматрасонии босифати тиббӣ ва фаъолияти босамари муассисаҳои тиббиро таъмин намоянд”.

Бояд қайд намуд, ки дар соҳаи тандурустӣ кадрҳои баландихтисос, ки дониши амиқ, салоҳият ва малакаҳои касбии баланд доранд, ҷузъи муҳимтарини сармояи инсонӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, метавон иброз дошт, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ, таваҷҷуҳ ба сармояи инсонӣ буда, маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ омили муҳимми рушди сармояи инсонӣ мебошад.

Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Умуман, зикр карда шуд, ки дар 33 соли соҳибистиқлолӣ, ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шудааст.

Масъалаи муҳимми дигари Паёми Пешвои муаззами миллат вобаста ба рушди сармояи инсонӣ, ин ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маҳсуб меёбад. Дар Паём таъкид гардид, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Умуман, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки сармояи инсонӣ омили калидии рушди устувори иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат барои таҳкими ин соҳа пайваста тадбирҳои амалӣ меандешанд. Ин равиш барои рушди устувори мамлакат, таҳкими амнияти иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва пешрафти ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

 

Муҳитдин Ҳамитов, сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top