ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: РОҲНАМО БАРОИ РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАР

Бинанда: 83 | Санаи нашр: 04 Январ 2025

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, ҳамчун як ҳуҷҷати муҳими стратегӣ, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва рушди миллиро барои солҳои наздик муайян намуд. Ин санади муҳим на танҳо вазъи кунунии кишварро таҳлил менамояд, балки барои таҳкими истиқлолият, рушди иқтисодиёт ва беҳтарсозии сатҳи зиндагии мардум вазифаҳои мушаххасро муайян мекунад.

Президенти кишвар Паёми навбатии худро дар шароити тағйиротҳои ҷаҳонӣ ва чолишҳои дохилию хориҷӣ пешниҳод намуда, дастовардҳо ва мушкилоти мавҷударо ҳамаҷониба таҳлил намуда, вазифаҳои навро барои рушди устувор ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба миён гузоштанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бахшҳои калидӣ ба рушди иқтисодиёти кишвар бахшида шуд. Қайд гардид, ки “дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дода, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Давлат ва ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешиданд”.

Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд.

Дар Паёми худ, Сарвари давлат ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ аҳамияти хосса доданд, ҷиҳати зарурати таъмини рушди устувор, рақамикунонӣ ва инноватсионикунонии иқтисодро таъкид намуданд. Самтҳои асосии пешниҳодшуда иборатанд аз:

Баланд бардоштани саноат: Фаъолноккунии сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика ва сохтмон;

Рушди инфрасохтор: Идома додани сохтмони роҳҳо, пулҳо ва иншооти муҳим барои баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар;

Кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ: Гузариш ба истифодаи технологияҳои нав ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо бо мақсади таъмини бозор бо маҳсулоти дохилӣ;

Рақамикунонии иқтисодиёт: Тақвият додани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисод ва идоракунӣ барои шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиро ҳамчун асоси пешрафти ҷомеа зарур шуморида, барои рушди минбаъдаи ин соҳаҳо иҷрои чунин вазифаҳоро пешниҳод намуданд:

Дар соҳаи тандурустӣ ҷорӣ намудани барномаҳои муосир барои бақайдгирии шаҳрвандон, пешгирӣ ва табобати бемориҳо, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ва афзоиши дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ;

Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, таҷдиди муассисаҳои нави таълимӣ, таъмини дастрасии кӯдакону ҷавонон ба таҳсилоти замонавӣ;

Бо мақсади тақвияти худшиносии миллӣ, ҳифзи мероси фарҳанги миллӣ, дастгирӣ намудани ҳунармандон ва ҷалби ҷавонон барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва фарҳангӣ ҷоннок карда шавад.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҳуҷҷати стратегиест, ки ба таъмини рушди устувор ва таҳкими истиқлолияти миллӣ равона шудааст. Ин санад на танҳо вазифаҳои ҷорӣ, балки дурнамои равшан барои ояндаи кишварро муайян намуда, ҳамчун роҳнамо барои тамоми марҳилаҳои пешрафти ҷомеа хизмат мекунад. Ҳар як шаҳрванд бо дарки масъулият метавонад дар татбиқи ин ҳадафҳо саҳми худро гузорад, то Тоҷикистон ба як кишвари обод, пешрафта ва мутамаддин табдил ёбад.

Ҳисориева Гулнора Тоировна, муовини ректор оид ба тарбияи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top