ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНА БАРОИ РУШДИ БОСУРЪАТИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ

Бинанда: 152 | Санаи нашр: 04 Январ 2025

28.12.2024 ироаи Паёми Пешвои миллат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Дар Паём қайд гардид, ки ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Зимни ироаи Паём вобаста ба замони муосир ва пешрафти илму техника Пешвои миллат ба масъалаҳои мубрами рӯз, бахусус иқтисодиёти рақамӣ, соҳибкории рақамӣ, иқтисодиёти сабз, зеҳни сунъӣ, сармояи инсонӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, фарҳанги андозсупорӣ, амнияти киберӣ ва рушди савдои электронӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Мусаллам аст, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҷиҳати истифодаи оқилонаи имкониятҳо ва захираҳои мавҷуда шароити мусоид фароҳам оварда, рушди босуботи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллиро таъмин намуда, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар мусоидат менамояд.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.

Ҳамзамон аз кишварҳои хориҷӣ ёдовар шуда таъкид доштанд, ки дар ин кишварҳо пардохтҳои ғайринақдӣ 80 – 90 фоизро ташкил медиҳад ва ин низом барои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.

“Дар ин раванд, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. Ин яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад”.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ;

Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот;

Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ;

Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ;

Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ;

Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот;

Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.

Аз ин лиҳоз, ба вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон бо ин, дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.

Дар робита ба ин, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ аз масъалаҳои мубрами рӯз маҳсуб меёбанд.

Муҳиммияти инноватсия ва рақамикунонии иқтисодиётро ба назар гирифта, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад.

Ҷиҳати таъмини бозори меҳнати ватанӣ бо мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномасозӣ дар Паём таъкид гардид, ки дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар оид ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсия факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд.

Хулоса, татбиқи амалии нуктаҳои Паём ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия ба рушди босуръати соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат мусоидат намуда, некуаҳволӣ ва зиндагии шоистаи мардуми кишварро таъмин менамояд.

Саидмухтори Мухторзода, сардори Маркази инноватсионӣ ва парки технологии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top