ПАЁМ - САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА РОҲНАМО БАҲРИ ТАЪМИНИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

Бинанда: 74 | Санаи нашр: 31 Декабр 2024

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нави замони Истиқлол буда, ҳоло ба ҳукми анъана даромада,  ҳар сол он ба парлумони кишвар аз ҷониби Сарвари мамалакат ироа мегардад.

Воқеан, Паём ин санади сарнавиштсоз, роҳнамо баҳри иҷрои ҳадафҳои шоиста буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, нақшаҳои рушди устувори минбаъда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардида, вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас мегардад. Дар Паёми навбатӣ дастоварду пешравиҳои дар зарфи солҳои охир ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол баён гардиданд.

Дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.

Ҳамасола, дар паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ пайваста таҳлил ва вазифагузорӣ карда мешаванд.

Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.

Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомаллӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.

Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмини нишондиҳандаҳои пешбинишудаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободонии шаҳру деҳоти кишвар мусоидат намуд.

Гуфта шуд, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Баҳри иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушд бахшидан ба иқтисоди кишвар дар соли 2025 вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз Сарвари давлат дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки то охири соли 2025 лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 — 2030” таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод гардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб “Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ” таъсис дода шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур шумурданд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо боз ҳам маҳдуд карда шавад.

Паём роҳнамо ва барномаест баҳри таъмини зиндагии шоиста ва маҳбубият ба арзишҳои миллӣ, дастурест дар роҳи садоқату саодат ва заминаест дар таъмини ҳадафҳои созанда.

Мавриди зикр аст, ки Паёми Пешвои миллат, Асосгузори ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамаи самтҳои рушди устувори иқтисодиёт, яъне: роҳҳои афзоиш ёфтани даромади буҷети давлатӣ,  таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ташкили равандҳои инноватсионӣ, истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, ҷалб кардани сармояи хориҷӣ, рушди соҳибкорӣ ва туризм ҳаматарафа дида баромада шуда, вазифахои мушахасс оид ба рушди соҳаҳо  мазкур гузошта шудааст.

Ҳамин тарик, дар ҳуљљати барномавӣ ва роҳнамунсозанда  - Паёми Президенти Ҷумҳурии Тољикистон ояндаи дурахшони кишвар, беҳтаршавии некўаҳволии аҳолӣ ва гулгулшукуфии Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиклол пешбинӣ шуда, ҳар як фарди кишварро муваззаф менамояд, ки тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.

 

Абдуалим Ҳомидов н.и.и., декани факултети МИБ, ҳуқуқ ва гумрук

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top