Паём – роҳнамои фардои дурахшони зиндагӣ

Бинанда: 61 | Санаи нашр: 31 Декабр 2024

Мо, аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 28.12.2024 ироа гардид, рӯҳу илҳоми тоза гирифта, метавонем маълумотҳои омории онро пайваста дар раванди кории худ истифода бурда, нуқтаҳои асосии онро мавриди иҷро расонем. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки бо истифода аз нуқтаҳои асосии он навиштани маърӯзаҳо, рефератҳо, корҳои санҷишӣ аз ҷониби донишҷӯён ба роҳ монем. Худи мо ҳам аз ин раванд бархудор гашта, таҳлилу таблиғи онро ба роҳ монем.

Маводҳои Паёми Пешвои муаззами миллат барои нашр кардани маводҳои дарсӣ аз ҷумла: китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва ғайра кӯмаки амалӣ мерасонад. Мо Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода, дар мавриди чор самти асосии стратегияи миллӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озӯқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, сухан ронданро зарур медонем. Чуноне, ки таъкид гардид, дар амал татбиқ гардидани чор ҳадафи миллӣ имкон фароҳам меорад, то зиндагии мардум ва вазъи иқтисодии кишвар беҳтару хубтар шавад. Хурсандиовар аст, ки то моҳи майи соли 2027 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ расида, на танҳо талаботҳои дохилиро қонеъ месозад, балки ба содиркунандаи он  низ табдил меёбад.  Инчунин аз ҷониби роҳбари давлат бо мақсади рақамикунонии иқтисодиёт, дар мамлакат пешниҳод карда шуд, ки солҳои 2025 - 2030 – Солҳои иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон карда шавад.

Дар ибтидо аз ҷониби Президенти мамлакат вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ таҳлил гардида, зикр гардид, ки дар ҳама соҳаҳо пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Аз ҷумла рушди иқтисодӣ дар соли 2024 8,4 %-ро ташкил дода, рушди миёнсолона бошад 7,7% мебошад. Натиҷаи ҳамин пешравиҳо дар иқтисоди миллӣ мебошад, ки қариб ҳамасола баланд бардоштани маошу нафақа ва стипендияҳо, имконпазир шуда истодааст.

Дар мадди аввал гузоштани соҳаи иҷтимоӣ, баланд бардоштани маоши вазифавии кормандони соҳаи буҷавӣ ва нафақа, ки аз 01.09.2024 амалӣ карда мешавад, боз як ғамхории навбатии  Пешвои муаззами миллат мебошад. Бо ин восита, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам беҳтару хубтар мегардад. Ба таъкиди Роҳбари давлат, мардуми шарифи Тоҷикистон низ мисли шаҳрвандони давлатҳои тараққикарда, барои зиндагии шоиста ҳаққу ҳуқуқи комил доранд.  

Ба масъалаи иҷтимоии тарбия, нақшу мақоми инсон (донишҷӯ, омӯзгор, падару модар ва дигарон) дар ҷомеа бештар аҳамият диҳем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, ки мутахассисони варзида омода намоем, то ин ки дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазир бошанд.

 Нуқтаи ҷолиби дигар, ин таъкиди Пешвои муаззами миллат оид ба ҳимояи шаъну шарафи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, мебошад. Ин аз баландшавии обрую эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад, ки мехоҳад манфиатҳои худ ва шаҳрвандонро ҳифз намояд.

Дар интиҳо он панду андарзҳое, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат баён гардиданд воқеан саривақтиву бамаврид буда, аз таҷрибаи бойи зиндагӣ ва вазъи воқеии имрӯза, сарчашма мегиранд. Ба андешаи мо ин таъкидҳои Сарвари давлат бояд сармашқи кору фаъолияти на танҳо қишри ҷавони мамлакат, балки калонсолон низ бошад. Инчунин дар ҷараёни дарсҳо ва соатҳои сарпарастӣ шарҳ додани нуқтаҳои асосии Паёмро зарур медонем

Амалисозии нуқтаҳои асосии Паём, вазифаи муқаддаси шаҳрвандони мамлакат ва масъулини дахлдори давлатӣ ба ҳисоб меравад, зеро иҷрои саривақтию сифатноки он кафили саодати рӯзгор ва роҳнамои фардои дурахшони зиндагӣ мебошад.

 

Туйчиқулов З.Ҷ. - н.и.и., дотсент.

Мудири кафедраи “Назарияи иқтисодӣ”

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top