Ҷомеаи муосири рақамӣ аз дигар шакли ҷомеаҳо бо суръати баланди ҷустуҷӯ, интиқол ва нигоҳдории ҳаҷми бузурги иттилоот, шинохти иттилоот дар пойгоҳҳои гуногуни маълумот ва миқёси глобалии интиқол ва паҳнкунии иттилоот фарқ мекунад. Ҳамаи инҳо боиси босуръат паҳн шудани донишҳои илмӣ гардиданд, ки ба прогресси илмию техникӣ ва тағйири ҳолати иҷтимоии инсоният таъсири калон расонд. Дар замони муосир рушди соҳаҳои дар низоми иқтисодиёти миллӣ амалкунанда бидуни истифодаи самараноки технологияҳои муосири рақамӣ имконнопазир аст.
Рақамикунонии иқтисодиёт ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қайд менамоянд, ки ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёти миллии кишвар ниҳоят муҳим мебошад.
Маҳз инҳоро ба инобат гирифта, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.
Инчунин Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки “дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад ва дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад”.
Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат мо омӯзгорони соҳаи технологияи иттилоотӣ ва барномасозиро водор месозад, ки барои тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат ҷавобгӯй кӯшиши дучандро ба харҷ диҳем.
Бояд иброз дошт, ки технологияҳои рақамӣ асоси рушди иқтисодиёт буда, мавқеи он дар рушди соҳаҳои иқтисодиёт ба тадриҷ боло рафта истодааст. Татбиқи технологияи рақамӣ, ба мо имконият медиҳад, ки дар баробари таъмини самаранокии равандҳои истеҳсолот ва бизнес ҳолати рушди иқтисодиёт низ куллан тағйир ёфта, дар заминаи он рафтори ҷамъиятӣ низ дигаргун мешавад. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт истифодаи мақсадноки технологияҳои рақамӣ ниҳоят муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Беҳрузҷон Буриев, н.и.и., муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории ДДТТ