Ҳамасола ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, чун дастур ва роҳнамои мақсадноки Ҳукумат ба таъмини зиндагии арзандаву некуаҳволии мардуми кишвари маҳбубамон нигаронида мешавад.
Паёми навбатии (28.12.2024) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти ҷомеаи мамлакат маҳсуб ёфта, дар он ҷанбаҳои гуногуни соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифагузории мушаххас ба миён гузошта шуда, дастоварду комёбиҳои соли қаблӣ ҷамъбаст гардида, дурнамои як соли минбаъда ва ҳадафҳои асосии Ҳукумат муайян карда шуданд.
Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муждаи неку боварибахш барои идомаи қадамҳои устувор ва рушди пайвастаи нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодии кишвар дар шароити зудтағйирёбандаи вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон мебошад.
Дар Паём зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.
Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Ҳамчунин, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд.
Инчунин Роҳбари давлат супориш доданд, ки то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.
Зимни ироаи Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз; маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад
Ҳамзамон бо ин, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун дастур ва санади инъикосгари масъалаҳои мубрами сиёсати дохилию хориҷии кишвар буда, уфуқҳои навро барои рушди кишвар дар оянда боз мекунад.
Дар робита ба ин суханони пурмӯҳтавои Президенти кишвар мо мардуми сарбаланд ва шарафманд бояд шукрона аз ваҳдату соҳибистиқлолӣ намуда, барои рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим ва устувории сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ саҳми арзанда гузорем.
Баҳодур Дустматов, н.и.и, дотсент, мудири кафедраи молияи ДДТТ