Нерӯи барқ дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат мавқеи хос дошта, гузариш ба технологияҳои нави инноватсионӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир бо истифода аз “энергияи сабз” аҳамияти калон дорад. Дар ин радиф мавҷудияти иқтидорҳои фаровони энергетикӣ аз ҷумлаи омилҳои калидии рушди соҳаи саноати Тоҷикистон мегардад.
Захираҳои энергетикӣ, ки омили муҳими рушди иқтисодӣ миллӣ ба ҳисоб меравад, иқтидори асосии онро истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ба хусус, захираҳои об ташкил медиҳад. Захираҳои об яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди “энергияи сабз” дар замони муосир буда, барои рушди “иқтисоди сабз” дар кишвар аҳамияти муҳим дорад. Манбаъҳои барқароршаванда ва аз лиҳози экологӣ тозаи нерӯ ҳамчун зербинои “иқтисоди сабз” маҳсуб меёбанд ва 98 фоизи нерӯи барқ дар кишвар аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли “энергияи сабз” шашум кишвари пешсафи сайёра ба ҳисоб рафта, бо пурра ба кор даромадани нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад.
Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ) мебошад. Вобаста ба ин захираҳо дар кишвар “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия” аз 23.11.2015, №1254, қабул гардидааст, ки он соҳаҳои истифодабарии самаранок ва афзалиятноки манбаъҳои барқароршавандаи энергияро танзим намуда, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии истифодаи сарфакоронаи энергия, ҳифзи муҳити зист, кам кардани таъсири номатлуб ба иқлим, сарфаю сариштаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро барои наслҳои оянда муайян менамояд.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҷумҳурӣ нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ бо иқтидорӣ аз 5 то 4300 киловатт ба қайд гирифта шудааст, аз қабили нерӯгоҳҳои барқи обии «Марзич» бо иқтидори 4300 кВт дар ноҳияи Айнӣ, «Сангикар» дар ноҳияи Рашт бо иқтидори 1000 кВт, «Питовкул-2» дар ноҳияи Лахш бо иқтидори 1100 кВт, «Кӯҳистон» дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчо бо иқтидори 500 кВт сохта ба истифода дода шудааст. Мусаллам аст, ки манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз ҳисоби нерӯи офтоб (нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ 2433 адад бо иқтидорӣ 8,87 кВт), нерӯи бод (нерӯгоҳҳои барқии бодӣ 9 адад бо иқтидорӣ 5,1 кВт), обҳои гарми зеризаминӣ ва биомассаҳо, ки ба сӯзишвории истихроҷӣ дохил намешаванд, тақрибан 10 %-и талаботи ҷумҳуриро ба энергия таъмин карда метавонанд. Дар байни ҳамаи намудҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия самараноктар захираҳои об мебошад, ки дар ҳудуди кишвар 287 адад нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ бо иқтидори 26565 кВт фаъолият менамояд ва муҳим арзёбӣ меёбад.Бо дарназардошти иқлими мусоиди Тоҷикистон, ки дар як сол 300 рӯзи офтобӣ дорад, имконияти истифодаи энергияи офтоб ва бод ҳамчун манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои иқтисодиёти мамлакат мусоид ва манфиатбахш мебошад. Бояд қайд кард, ки дар ин самт асосноккунии 3 лоиҳа бо иқтидори умумии 260 мегаватт оғоз гардидааст, ки мувофиқи сарчашмаҳо дар панҷ соли оянда татбиқ карда мешаванд.
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалиӣ Раҳмон ҷиҳати ташаккул ва рушди иқтисоди сабз корҳои назаррас роҳандозӣ шуда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ду неругоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори умумии 19 кВт сохта ба истифода дода шудааст. Неругоҳҳо дар маҷмуъ аз 35 панели монокристалии офтобӣ бо тавоноии ҳар кадом 560 Вт иборат буда, иқтидори дар як шабонарӯз истеҳсол намудани беш аз 220 кВт/соат неруи барқро дорад. Дар навбати аввал неруи барқи тавлидшуда барои равшану фурӯзонгардонии саҳни донишгоҳ, роҳравҳо ва гирду атрофи биноҳои таълимӣ истифода карда мешавад.
Ҳамин тариқ, амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои миллӣ, яъне таъмини “истиқлолияти энергетикӣ” барои рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва гулгуншукуфоии кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Фитрат Рустамзода, н.и.и., и.в. дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалииДДТТ
Маҳбуба Амонатзода, н.и.г., и.в. дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДДТТ