ПАРЧАМ - РАМЗИ САДОҚАТ

Бинанда: 99 | Санаи нашр: 22 Ноябр 2024

Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳуқуқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намуданро пайдо кард. Дар анҷуманҳои бонуфузи байналмилалии сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун намояндаи аввали миллат иштирок ва суханрониҳо намуда, ба ҷаҳониён оид ба пайдоиши давлати нав, сиёсати дохиливу хориҷии он ахборот доданд, бо ташаббусҳои наҷиби сатҳи глобалӣ баромад карда, ҳувияти сулҳдӯстона, хирадпарварона ва озодидӯсти тоҷиконро муаррифӣ карданд.

Парчам дар ҳамагуна давлату давлатдории ҷаҳон яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матои росткунљаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки њар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.

Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Соли 2011 дар арафаи рӯзи ҷашни Парчами миллӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе сохта ба истифода дода шуд. Ин Парчам тавонист, ки давлати моро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон баъди интихоб шуданашон ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатиро бӯсида, эҳтиромашонро нисбати ин рамзи давлатии соҳибистиқлол баён карда буданд. Ҳамин эҳтирому посдории Сардори давлат нисбати Парчам буд, ки бо ташаббуси ин шахси бузург Рӯзи Парчами давлатӣ иди бошукӯҳ эълон гардид. Дар давраи гузариш ба ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона донистани таъриху аҳамияти Парчами давлатӣ барои ҳар фарди соҳибхиради кишвар зарур аст ва маҳз бо ҳамин мақсад Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.

Парчам дар ҳар давру замон рамзи нангу номуси ватандорӣ, хештаншиносӣ ва яке аз арзишҳои муқаддаси миллӣ ба ҳисоб рафта, эҳтирому арҷгузорӣ намудан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарзанди ватандӯсту ватанпарвар мебошад. Инчунин, барои тарбия намудани мардуми кишвар дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиштагӣ ва ободкориву меҳнатдӯстӣ нақши калон дорад. Зеро, дар он роҳи таърихии тайкардаи халқи тоҷик ва баҳри қаҳрамониҳои родмардони кишвар, пирӯзии хирад бар зулм ва нияту умеди халқамон ба рушду инкишоф, сарсабзӣ ва ҳамеша зинда доштани орзуҳо инъикос гардидааст.

Гафарзода Мавҷуда, муаллими калони кафедраи андоз ва суғуртаи ДДТТ.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top