ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ!

Бинанда: 198 | Санаи нашр: 21 Ноябр 2024

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи яке аз рамзҳои давлатӣ - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва сайъу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.

Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар сессияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки барои таҳияву пешниҳод намудан ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати ду сол қувваҳои эҷодиву ҷустуҷуӣ сарф шудааст.

Вобаста ба таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияро президенти ҳамонвақтаи Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ба ӯҳда доштанд. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои давлатӣ Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев-роҳбар ва лоиҳакаш, Лариса Додхудоева-рассом ва санъатшинос, Анатолий Заневский – президенти иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон ва Ирина Игнатушина – санъатшинос, ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон шомил буданд.

Аз муаллифон ва коллективҳои эҷодии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз дусад адад пешниҳодҳо вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлатӣ ворид гардида буд.

Ҳамчунин аз тарафи Донишкадаи таърих, Донишкадаи астрофизика ва Кумитаи ҷумҳуриявӣ оид ба терминология лоиҳаҳои рамзҳои давлатии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буданд.

Дар аввал ба сифати ангораҳои асосӣ муаллифон дар Парчами давлатӣ нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигорӣ намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу тоҷик сарчашма гирифта, ҳамчун рамзи боақлӣ, ҷасурӣ ва адолатро ифода менамуд.

Баъдан гурӯҳи корӣ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро ҷойгир намуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик буда, тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда шуд.

Ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон - Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон мебошад.

Муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини тоҷикон, ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии халқи тоҷик, ранги сурхро дар Парчами давлатӣ ҳамчун ифодагари – мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед - бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз – сайъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хуррам мешавад, маънидод намуданд.

Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сессияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаи Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд ва он аз ҷониби вакилон якдилона қабул карда шуд.

25-ноябри соли 1992 аввалин маротиба Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварда, қасам ёд намуданд. Баъдан Парчами давлатӣ дар болои бинои қасри «Арбоб», ки дар он сессияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор мегардид, барафрохта шуд.

Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

Боиси хушҳолист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.

 

Иззатова Робия Ҳакимшоевна, ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top