ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОҒОЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ МИЛЛӢ

Бинанда: 109 | Санаи нашр: 16 Ноябр 2024

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, оғози солҳои 90-уми асри гузашта дар тамоми қаламрами собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ масъалаи аз байн рафтани ин давлати абадқудрат ва истиқлоли сиёсиро ба даст овардани ҷумҳуриҳои тобеи он ба миён омад. Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун давлати озодихоҳ маъракаҳои сиёсиро баргузор намуда, аҳолии кишвар ва фаъолонро ба ин кор сафарбар сохт ва оғози солҳои 90-ум дар кишвар давраи нооромиҳо ибтидо ёфта, эътироз ва гирдиҳамоиҳо барои ба даст овардани истиқлол зиёд гардид.

Мушкил гардидани вазъият дар шаҳри Душанбе ва дахолати қувваҳои мухолиф ба вакилон дигар имкони ҷамъ шудан ва муҳокима намуданро надод.

Аз ин рӯ, вакилони мардумӣ маҷбур шуданд, ки барои ҷамъ омадан ҷои амнро интихоб намоянд ва ба хулосае омаданд, ки иҷлосияи навбатиро дар шаҳри бостонии Хуҷанд барпо намоянд.

16 ноябри соли 1992 дар шаҳриХуҷанд Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонба кори худ шурӯъ кард, ки он то 2 декабри соли 1992 идома ёфт.

Аввалин масъалае, ки дар Иҷлосия баргузор гардид, интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва комиссияи интихоботӣ ташкил гардида, маъракаи овоздиҳӣ оғоз ёфт.

Вакилони халқ якдилона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо овоздиҳии пинҳонӣ ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мушкил, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги бародаркушӣ ба амал омада буд, тавонист тамоми қувваҳои пешқадами сулҳпарварро дар гирду атрофи худ муттаҳид намояд. Ӯ ҳамчун сиёсатмадори варзидаву кордон дар назди вакилон суханронӣ намуда, савганд ёд кард, ки тамоми қувваи худро ва агар лозим шавад ҷони худро фидо менамояд, то ки дар Тоҷикистон сулҳ ва оромӣ пурра пойдор гардад. Фарзанди баору баномуси миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин вазъияти мураккаб ба сари қудрат омад ва ба ваъдааш вафо кард.

Дар Хуҷанди бостонӣ вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI барои тақдири минбаъдаи Тоҷикистон, ба охир расидани ҷанги бародаркуш, ба даст даровардани сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, барпо намудани Ҳукумати конститутсионӣ кӯшишҳои зиёд намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони гурӯҳҳои силоҳдорро даъват намуд, ки ба ҷанги бародаркуш хотима дода, ватанро аз вартаи ҳалокат раҳо созанд.

Пас аз ба охир расидани Иҷлосия Ҳукумати нави Тоҷикистон кори худро дар Душанбе оғоз намуд. 12 декабри соли 1992 Ҳукумати Тоҷикистон ба шаҳрвандон муроҷиат намуда, нақшаи асосии сохтани ҷомеаи демократиро муайян кард.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти таърихӣ мебошад. Вай барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули Истиқлолияти миллӣ, Ваҳдати миллӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ таъин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

Хулоса, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи роҳбари давлати Тоҷикистон интихоб карда шуда, истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишварро таъмин намуда, ба низои дохилӣ (ҷанги шаҳрвандӣ) хотима бахшид, тартибу низом, сулҳу осоиш ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистонро таъмин намуда, бозгашти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро таъмин намуда, ташаббускори ислоҳотҳои сиёсӣ, қабули Конститутсия, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ гардида, кишварро аз бӯҳрони иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва маънавӣ берун намуда, обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардошта, амнияти давлатро таъмин ва мустаҳкам намуданд.

Алимов Комилҷон Кассирович, н.и.и., мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкори ДДТТ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top