Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд.
Эмомалӣ Раҳмон
Санаҳои таърихие мавҷуданд, ки бо гузашти айём арзиши онҳо аҳаммияти бештар пайдо намуда, дар таърихи ин ё он миллату давлат бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд. Дар як давраи ҳассоси тақдирсози ҷумҳурӣ, ки масъалаи дар харитаи сиёсии ҷаҳон боқӣ мондани Тоҷикистони азиз чун мамлакат зери хатар буд, баргузор шудани Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили чунин рӯйдоди бузурге дар сарнавишти миллати тоҷик мебошад.
Аз лаҳзаҳои аввали ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиши куллӣ дар тақдири тоҷикон оғоз шуд.. Дар нахустин муроҷиати расмӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи чаҳониро ҳушдор дод, ки ҳеҷ қувва, ягон инқилоби маъмурӣ наметавонад Озодӣ ва Истиқлолияти Тоҷикистонро халалдор кунад.
Ҳар қадар, ки аз санаи баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вақти бештар гузарад, ҳамон қадар қимату арзиши иҷлосия зиёдтар мегардад. Дар робита ба ин, бояд аз кӯдакистон то макотиби олӣ насли ҷавон аз саҳифаҳои таърихи навинамон дарс ва сабақ омӯзанд.
Имрӯз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегии давлат – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи сиёсати иҷтимоӣ татбиқи муваффақонаи худро ёфта истодаанд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки миллати тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар ба дастовардҳои беназир ноил мегарданд.
Абдусаттор Ҷабборов, д.и.и., профессори кафедраи молияи ДДТТ, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон