ПРЕЗИДЕНТ - МУАРРИФКУНАНДАИ ХАЛҚУ МИЛЛАТ

Бинанда: 109 | Санаи нашр: 11 Ноябр 2024

Дар кишвари мо ҳамасола 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент бо назардошти саҳми беназиру арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва эҳёи низоми давлатдории миллӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз карда, кишвари моро чун як давлати пешрафта ва ташаббускор ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.

Президент муаррифкунандаи халқу миллат буда, ҳамзамон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттаби фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо мебошад.

Президент интихобнамудаи мардум буда, ин мансаби олӣ дар ҳар давлату ҷомеа ба нафаре муяссар мешавад, ки аз маҳбубияти хосса миёни мардум бархурдор аст. Таърих собит намудааст, ки на ҳар шахсиятҳое, ки то ин мансаби давлатӣ расидаанд, рисолати худро ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеаву кишвари худ анҷом додаанд. Мо дар таърихи даврони истиқлолият низ ин руйдоду ҳодисаҳоро дидаву мушоҳида намудаем.

Хушбахтона, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Рахмон барои бақову устувории миллат, таҳкиму тавсеаи давлат, шӯҳрати чаҳонӣ пайдо намудани Ватан фаъолияти бузургу беназирро анҷом додаанд, ки мардуми мамлакат аз ин ҳамеша қадршиносӣ менамояд. Дар баробари дигар санаҳои муҳими таърихӣ ба рӯзҳои ид ворид гардидани ин сана ҳам қадршиносӣ, гиромидошт ва бузургдошти Президенти маҳбуби мамлакат аст.

Рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоии охири садаи бистум, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи навро боз кардааст, ба саҳнаи маъруфият шахсиятҳоеро баровардааст, ки ба шарофати талошу муборизаҳои онҳо Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо тамоми мушаххасоти давлати демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ рӯи пояҳои мустаҳками давлатдорӣ қарор гирифт ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоёнтарин чеҳраи сиёсии ин айёми мураккаб ва ҳамзамон тақдирсоз мебошанд.

Таҷлили Рӯзи Президент ин гиромидошту бузургдошт, тарғибу ташфиқи сиёсати Сарвари давлат ва ғояҳои давлатдорӣ мебошад, зеро сиёсати Президент ифодагари манфиатҳои миллӣ ва омили пешбурди ҳаёти ҷамъиятӣ аст.

Вақте, ки мо имрӯз дар бораи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон сухан мегӯем пеши назар бевосита симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбубу мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мешавад, зеро дар пешрафти ҳар як самту соҳаи имрӯзаи мамлакат Президенти кишвар нақши асосӣ доранд.

Ҳанӯз то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мақомоти роҳбарии мамлакат бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ба татбиқи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ кунад, зеро нигоҳ доштани Истиқлолияти сиёсӣ бе замина ва рушди истиқлолияти иқтисодӣ ғайриимкон буд. Ҳамин буд, Сарвари давлат ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикиро мушаххас намуда, баҳри ноил гардидан ба онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода гардид.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин муддати таърихӣ тавонистанд, ки як ҷумҳурии ҷангзадаи бемарому бенизомро ба амнтарин давлати минтақа табдил диҳанд ва дарвозаҳои кишварро барои ҳамкориҳои густурда бо мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон боз намоянд.

Имрӯз Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид буда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ аз ҷониби ин созмони бонуфуз пазируфта шудани ташаббусҳои Тоҷикистон, ба монанди эълони Соли байналмилалии оби тоза дар соли 2003, тасдиқи Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардидани соли 2013, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва рӯзи 24 май “Рӯзи байналмилалии морхӯр” мавқеи аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардидани сарварии Тоҷикистонро дар ин раванд собит намуд ва таҳким бахшид.

Имрӯз кишвари мо робитаҳои судманди байналмиллалии худро бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои минтақавию байналмиллалӣ ба роҳ мондааст, ки ин ҳамкориҳо марҳила ба марҳила тавсеа ёфта истодаанд. Барои тамоми кишварҳои ҳамкор ва созмонҳои муътабари байналмилалӣ кишвари мо ҳамчун шарики боэътимод ва боварибахш мавқеи худро муайян намудааст.

Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯзҳо ба марҳилаи сифатан нави рушд - таҳким ва густариши беш аз пеши дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ва ба ин васила бунёди давлати навини воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дохил шудааст ва дар ҷомеа чунин фазои маънавию ахлоқӣ ба вуҷуд оварда шудааст, ки сиёсати давлатӣ ҳамчун ҳидоятгару раҳнамои пешрафтҳои иҷтимоӣ ва омили муваффақ шудан ба ҳаёти хушу босаодат гардидааст.

Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванд дар назди ҷомеа ва Ватани худ масъул аст, ки дар татбиқи амалии ғояҳои низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушаххас гардидааст, саҳми муносиби худро гузорад.

Кабутзода Қурбоналӣ Мирзо, н.и.и., дотсент, декани факултети молия ва қарзи ДДТТ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top