НАҚШИ СОҲИБКОРӢ ДАР ТАДБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ-САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР

Бинанда: 544 | Санаи нашр: 12 Октябр 2024

Рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла фаъолияти соҳибкорӣ пайваста мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз соли 2001 мулоқоти нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардид, ки бо мақсади гузаронидани ислоҳоти соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ замина гузошт.

Бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ ва бартараф намудани монеаҳои ҷойдошта аз ҷониби Президенти мамлакат се маротиба солҳои 2009-2010, солҳои 2012-2014 ва солҳои 2019-2020 ба ҳамагуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мораторий эълон гардид, ки ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар мусоидат намуд. Ин иқдом пайваста баҳри рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аз ҷониби ҳукумати мамлакат пешниҳод карда мешавад.

Бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар рушд карда, омили муҳими рушди иқтисодиёти рақамӣ ба ҳисоб меравад.

Боиси зикр аст, ки имруз соҳибкорӣ омили муҳими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардида, барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ, махсусан саноатикунонии босуръати кишвар яке аз омилҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

 «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 тасдиқ шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар соҳаи саноати кишвар айни замон Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва барномаҳои соҳавӣ, амалӣ гардида истодаанд. Барномаҳои мазкур ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, ташкили корхона ва коргоҳҳои нав бо таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузорад.

   Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок ва тақвият бахшидан ба истеҳсолот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд, ки дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар аҳамияти бузург дорад.

Ҷиҳати амалисозии ин иқдом тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд. Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст.

Аз ин рӯ, рӯз то рӯз дар соҳаи саноати ҷумҳурӣ барномаҳои зиёди рушд амалӣ гардида истодаанд, ки ҳадафи асосии онҳо навсозии корхонаҳои пешину бунёди корхонаҳои нав, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ буда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз иқтисоди аграрӣ - саноатӣ ба индустриалӣ – аграрӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри ниҳоӣ замина мегузоранд.

  «Ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар бояд ба 30 фоиз расонида шуда, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода мешавад.

 Маврид ба зикр аст, ки бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар ҳамеша барои инкишоф ва рушди соҳаи саноат баҳри густариш бахшидан ба истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ба соҳаи саноат мавриди таваҷҷӯҳи махсуси қарор дода шудааст.

  Хушбахтона солҳои охир аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ як қатор корхонаҳои саноатии пуриқтидор ба фаъолият шуруъ намуданд, ки дар рафти саноаткунонии кишварамон саҳми беандозаи худро гузоштаистоданд.

Аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани мораторийи ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ барои рушди соҳаи саноат ва таъсири бевоситаи он ба бахшҳои дигари иқтисодиёти кишвар заминаи мусоид мегузорад.

Қобили зикр аст, ки соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунанд.

Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

 Боварии комил дорам, ки бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ташаббус ва кушишҳои соҳибкорон, шумораи соҳибкорони муввафақ зиёд гардида, бахши мазкур минбаъд низ рушд карда барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат замина бунёд намуда, кишварро ба давлати саноатӣ - аграрии пешрафта мубаддал мегардонад.

Алимов Комилҷон Касирович

Мудири кафедраи иқтисодиёт ва

 ташкили соҳибкории ДДТТ, н.и.и., дотсент

 

 

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top