ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ОЗОДИИ МИЛЛАТ!

Бинанда: 201 | Санаи нашр: 06 Сентябр 2024

Бояд ба воқеиятҳои таърихӣ эътирофи хосса зоҳир намуд, зеро пешрафт ва таҳкими истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон бо фаъолият ва заҳматҳои шабонарӯзии пурсамари абармарди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ дорад. Бешубҳа истиқлолияти давлатӣ роҳи таърихии давлати моро дар самти ҷомеаи демократӣ, эътирофи сиёсӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ муайян намуд.

Сию се сол аз талошу мубориза, иқдомҳои созандаву бунёдкорона, ҷалб кардани ҷавонон ба дӯст доштан ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ сипарӣ мегардад, ки Ватани азизу маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ба неъмати бебаҳои истиқлолият, ки асли соҳибихтиёрии давлат ва рамзи хушбахтиву саодати мардуми тоҷик аст, мушарраф гардидааст. Сию се баҳори дарахти ҳамешасабзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарсабзу хуррам ва дар раванди рушдёбӣ қарор дорад.

Ҷангро мо дур зи худ сохтем,
Ҷону дилро дар раҳи ту бохтем.

Буд парчам зери пои нокасон,
Парчаматро то фалак афрохтем.

Шукри истиқлол мебояд намуд,
Шукри ин иқбол мебояд намуд.

Душманони миллати мо хор шуд,
Аз вуҷуду ҳастияш безор шуд,

Гардиши ин чархи гардунро нигар
Худ ба дори сохтааш бар дор шуд.

Шукри истиқлол мебояд намуд,
Шукри ин иқбол мебояд намуд.

Миллати мо гашт машҳури ҷаҳон,
Навбаҳораш дур гардид аз хазон.

Хурраму сарсабз мебошад кунун,
Ҷаҳд месозем ки бошад дар амон.

Файзи Раҳмонист истиқлоли мо,
Раҳми Яздонист истиқлоли мо.

Хизматҳои шоён ва ғайриодии Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллати тоҷик дар он аст, ки ӯ тавонистааст дар шароити буҳрони иқтисодӣ, маънавӣ ва вазъияти бениҳоят мураккаби сиёсӣ, ҳам пояҳои давлатдориро бунёд созад ва ҳам мардуми сарсони мамлакатро зери парчами ваҳдату ягонагӣ муттаҳид созад. Эмомалӣ Раҳмон инсони хирадманду бомаърифат ва ватандӯсту фарҳангпарварест, ки дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоистаро соҳиб шуда, манфиатҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифзу пуштибонӣ намояд.

Яке аз дастовардҳои сиёсии истиқлолияти давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлолият мебошад. Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои осиёи миёнагӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи боамну босубот дар кишвар муҳайё карда шавад.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму ойинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.

Рушди иқтисодии кишвар омили муҳим барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар даврони истиқлолият низ мебошад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои нав бунёд мегарданд ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд, ки боиси рушди ин ё он маҳал ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии аҳли ҷомеа мегардад. Гурӯҳҳои иҷтимоӣ-этникӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми худро мегузоранд. Аз тарафи дигар, дар даврони истиқлолият муҳоҷирати дохилӣ низ тақвият пайдо кардааст, ки боз ҳам такони ҷиддие барои ҳамгироии намояндагони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ваҳдати миллӣ мегардад.

Гуфтан ба маврид аст, ки таърих ва тамаддуни чандинҳазорсолаи миллати мо аз он шаҳодат медиҳад, ки дар радифи тамаддуну фарҳангҳои дигар миллатҳо миллати тоҷик низ дар роҳи камолоти инсонӣ хизматҳои шоиста карда, ба ҳеҷ ваҷҳ бо ғаразҳои бади абарқудратҳо ва хатарҳои геополитикӣ омехта нагардидааст. Дар охир мегӯям ИДАТ МУБОРАК ТОҶИКИСТОНИ МАН!

Раҷабов Олимхон Ҷурахонович, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top