РӮЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ КООПЕРАТСИЯ

Бинанда: 331 | Санаи нашр: 05 Июл 2024

Ҳамасола шанбеи аввали моҳи июл дар тамоми ҷаҳон Рўзи байналхалқии кооператсия қайд карда мешавад, ки он бо резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 16 декабри соли 1992, № 47/90 ва муқаррароти Алянси байналхалқии кооперативӣ тасдиқ карда шудааст. Кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии кооператсияи умумиҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нақшу мақоми намоён дошта, дорои қонун, оиннома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ мебошад.  

Имсол 6-юми июл Иди касбии кооператорон таҷлил гардида, кормандони кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ бо дарназардошти банди 64 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 10 аз 25 октябри соли 2021 онро дар сатҳи баланд ҷашн мегиранд.

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Рўзи байналхалқии кооператсияро ҳамчун рўзи тарғиби пойдории анъанаҳои таърихии кооператсияи матлубот, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, таъмини самаранокии фаъолият, сазовор таҷлил намудани иду ҷашнҳои миллӣ ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудааст.

Ташкилотҳои кооперативии ҷаҳонӣ таърихи қариб 300 сола дошта,

аввалин кооперативҳо ҳанӯз ибтидои асри XIX дар мамлакатҳои Россия, Испания, Словакия, Швейтсария, ИМА ва дар мамлакатҳои Осиё ва Африка бошад дар ибтидои асри XX пайдо шуданд.

Кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи беш аз 100 сола дошта, чандин давраҳои ривоҷу равнақи комил ва бурду бохтро аз сар гузаронидааст. Маврид ба зикр аст, ки аввалин ташкилоти кооперативӣ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҳанӯз соли 1916 ёфта буд. 14–уми октябри соли 1924 Ҷумҳурии автономии Шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шуравии сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис ёфт, ки он заминаҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқии таъсиси кооператсияи матлуботи Тоҷикистонро гузошт. Соли 1924 Иттифоқи ҷамъиятҳои истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Узбекбирляшув» ва Маркази ҷумҳуриявии кооператсияи матлуботи Тоҷикистон таъсис дода шуд. Маркази ҷумҳуриявии кооператсияи матлуботи Тоҷикистон 5 кооператив ва 14 дӯконро дар бар гирифта, шумораи аъзоёнаш 1173 нафарро ташкил медод.

Соли 1925 ҷамъияти истеъмолкунандагони Душанбе ва Қаратоғ, соли 1928 ҷамъиятҳои истеъмолгарони Ғарм, Ҷилликӯл, Сарой Камар, Обигарму Янгибозор таъсис дода шуданд.

Соли 1929 бо таъсисёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳаёти кооператорони ҷумҳурӣ низ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омад. Дар ҷаласаи Шурои комисарони халқи РСС Тоҷикистон 18 июли соли 1929 қарори махсус «Оид ба ташкили Иттифоқи ҷамъиятҳои истеъмолгарони Тоҷикистон «Матлуботи тоҷик» қабул карда шуд, ки оғози фаъолияти онро 1 октябри соли 1929 эълон намуд. Вакилони Анҷумани 1–уми кооператсияи матлуботи Тоҷикистон 29 октябри соли 1929 дар бораи таъсиси Иттифоқи истеъмолгарони мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иттифоқи Тоҷикматлубот қарор қабул намуданд.

Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ғайридавлатӣ ва ҷамъиятию хоҷагӣ минбаъд дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ нақшу мақоми хосса пайдо кард.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Иттифоқи Тоҷикматлубот фаъолияти ташкилоту муассисаҳои худро барои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Анҷумани кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ ба роҳ монда, дар самти рушд ва таҳкими минбаъдаи соҳа ба комёбию муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.

Воқеан ҳам, соҳаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободию шукуфоии мамлакат саҳми босазо дорад.

Чун дар арафаи Рӯзи байналхалқии кооператсия қарор дорем, аҳли кормандон ва собиқадорони соҳаи кооператсияи матлуботро ба муносибати Иди касбиашон шодбош гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хушбахтӣ ва дар фаъолияташон, ки бениҳоят заҳматталаб ва масъулиятнок аст, барору комёбиҳои беназир таманно менамоем.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top