Душанбе, 14 Апрел 2014 08:58

ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ТИҶОРАТ

Written by
Rate this item
(0 votes)

Факултети иқтисодиёт ва тиҷорат соли 1987 дар заминаи филиали Донишкадаи савдои советӣ-кооперативии шаҳри Новосибирск ташкил ёфта, ҳамчун факултети иктисодиёт ва баҳисобгирӣ шинохта шуд. Факултет солҳои 1990-1995 бо номҳои факултети молшиносӣ ва тиҷорат, солҳои 1995-1997 факултети тиҷорат ва технология ва солҳои 1997-2021 факултети тиҷорат ва гумрук фаъолият намудааст. Дар айни ҳол номи факултет иқтисодиёт ва тиҷорат мебошад.

Тӯли солҳои зиёд ба факултет номзади илми иқтисодӣ, дотсент Салий В.В. (1987-1988), номзади илми иқтисодӣ, дотсент Абдулназаров Н, (1988-1992), Ҳусейнов К.Б. (1992-1997), доктори илми иқтисодӣ, профессор Раҷабов Р. К. (1997-1999), профессор Маҷидов Ҳ.М. (1999-2008), номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Салимов Н.С. (2008-2017) ва доктори илми иқтисодӣ, и.в. профессор Саидова М.Ҳ. (2017-2021) роҳбарӣ кардаанд. Ба факултет кафедраҳои зерин вобаста карда шудаанд:

– маркетинг ва тиҷорат;

– иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ;

– экспертизаи молҳо, технология ва сервиси тарабхона;

– математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ.

- Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

- Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит

Факултет мутахассисонро дар асоси низоми кредитии таҳсилот аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

1-250109 – молшиносӣ ва экспертизаи молҳо;

1-910101 – технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ;

1-250110 – тиҷорат дар бозори берунӣ;

1-910201 – сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳо;

1-26020305 – маркетинг дар бозори байналхалқӣ;

26020101 – бизнес-маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат.

250107 – иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо;

25010717 – иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои сайёҳӣ;

25010720 – иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои соҳаи хизматрасонӣ;

25010732 – иқтисодиёт ва ташкили бизнеси тарабхонаҳо.

Дар факултет ҳайати соҳибтаҷрибаи профессорону омӯзгорон ва кормандон фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои баландихтисос, боло бурдани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон мегузоранд.

Факултет дорои заминаи устувори моддӣ-техникии замонавӣ мебошад ва дарсҳои амалӣ ва таҷрибавӣ дар озмоишгоҳи технологияи хӯроки омма, экспертизаи молҳо озмоишгоҳи физика гузаронида мешаванд. Айни замон синфхонаҳои факултет бо технологияи муосир, аз ҷумла тахтаи электронӣ ва видео-проекторҳо муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани ҷараёни таълим мусоидат менамоянд.

Дар факултет ҳамасола маҳфилҳои гуногуни илмию эҷодӣ, олимпиадаҳо, викторинаҳо, конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ гузаронида шуда, донишҷӯён дар ин тадбирҳои муҳимми илмию фарҳангӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Дар айни ҳол хатмкардагони факултет дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои Иттифоқи Тоҷикматлубот, донишгоҳҳо, бонкҳо, корхонаҳои савдо ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бомуваффақият кор ва фаъолият менамоянд.

Дар байни донишгоҳ ва вазорату муассисаҳои гуногуни давлатӣ шартномаҳои ҳамкорӣ баста шудааст ва дар ин асос донишҷӯён барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва минбаъд таъмин шудан ба кор доимӣ имконияти васеъ доранд.

Аз 11 - уми апрели соли 2022 номзади илми иқтисодӣ, Саидмухтори Мухторзода декани факултет таъйин гардид.

 

Read 17475 times Last modified on Чоршанбе, 30 Ноябр 2022 06:42

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top