Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 28-уми апрели соли 2025, соати 11:00 мизи мудавварро дар мавзуи “Рушди рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ: масъалаҳо ва дурнамо” баргузор менамояд.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ — ин баррасии ҳолати кунунӣ, мушкилоти мавҷуда ва дурнамои рушди рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ дар Тоҷикистон, такмил ва тавсеаи инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ ва ҷалби донишҷӯёну мутахассисони соҳа ба муҳокимаи масъалаҳои инноватсионӣ мебошад.
Ба кори мизи мудаввар олимони соҳаҳои иқтисодиёт, омӯзгорони муассисаҳои илмӣ ва таълимии таҳсилоти олии касбӣ, мутахассисони амалия, ки нисбати мавзӯъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.
Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 28-уми апрели соли 2025, соати 11:00, дар бинои асосии донишгоҳ, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.