КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ВАЗИФАҲОИ МУОСИР ВА САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКӢ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ ИЛМИ ИҚТИСОДӢ»

Бинанда: 112 | Санаи нашр: 12 Феврал 2025

24 марти соли 2025

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамаи хоҳишмандонро ба конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Вазифаҳои муосир ва самтҳои афзалиятноки рушди инноватсионии илми иқтисодӣ», ки аз 24 то 28 марти соли 2025 баргузор мегардад, даъват менамояд.

 Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:

  • Масъалаҳои мубрами илми иқтисодии муосир ва роҳҳои ҳалли онҳо дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ;
  • Самаранокии идоракунии фаъолияти ташкилотҳо дар шароити имкониятҳои нав: равишҳои инноватсионӣ ва таҳқиқоти муосир;
  • Нақши баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва омор дар рушди иқтисодиёти муосир;
  • Рақамисозии фаъолияти гумрукӣ ва тиҷорати хориҷӣ: вазъ ва дурнамо;
  • Вазъ, мушкилот ва дурнамои рушди механизмҳои молиявию қарзии давлат ва ташкилотҳо дар марҳилаи муосир;
  • Масъалаҳои мубрами молшиносӣ;
  • Равиши инноватсионӣ ба ташкили фаъолияти тиҷоратии корхонаҳо ва ташкилотҳо дар шароити рақобат;
  • Ҷанбаҳои таърихӣ ва мушкилоти муосири рушди ҳаракати кооперативӣ.

Муҳлати охирини пешниҳод намудани мақолаҳои илмӣ – 15 марти соли 2025. Аз ҳар як муаллиф на бештар аз як мақола қабул карда мешавад.

Натиҷаи конфронс ҳамчун маҷмуаи мақолаҳои илмӣ бо рамзҳои ББК, УДК ва рақами ISBN нашр гардида, ба пойгоҳи РИНЦ дар Elibrary ворид карда мешавад.

 

Муҳлати бақайдгирӣ барои иштирок дар конфронс – то 15 марти соли 2025 (ҳамон рӯзро

дар бар мегирад). Барои бақайдгирӣ, лутфан ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:? https://conf.bukep.ru/conf-1/

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top