Баргузории даври донишгоҳии озмуни ҷумхуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”

Бинанда: 201 | Санаи нашр: 05 Феврал 2025

 

Бо мақсади иҷрои талаботи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 январи соли 2025, №АП – 710 тасдиқ шудааст ва инчунин тибқи фармоиши ректори донишгоҳ таҳти рақами №03/8 аз 22.01.2025 бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав даври якум – даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии  “Илм – фурӯғи маърифат” дар байни бакалаврон, магистрон, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯи ихтисос (PhD) ва омӯзгорони донишгоҳ аз 01.04.2025 то 05.04.2025 аз рӯйи бахшҳои зерин гузаронида мешавад:

  1. Математика (арифметика, алгебра, геометрия);
  2. физика ва астрономия;
  3. Химия;
  4. Биология (ботаника, зоология, анатомия);
  5. География;
  6. Технологияи иттилоотӣ;
  7. Ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

 

Низомнома ва шартҳои озмун:

Низомномаи Озмуни Илм фуруғи маърифат ДДТТ_02.01.2025

Ҷадвали баргузории озмун_2025

 

Муфассал: https://khovar.tj/2025/01/amri-prezidenti-um-urii-to-ikiston-dar-borai-barguzor-kardani-ozmuni-um-uriyavii-ilm-fur-i-marifat-dar-soli-2025/

Барои маълумоти иловагӣ ба раёсати илм ва инноватсия муроҷиат намоед.

Раёсати илм ва инноватсия

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top