ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ОЛИМИ СОЛ”

Бинанда: 145 | Санаи нашр: 08 Январ 2025

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, техналогия, рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ, кашфиёт, навоварӣ ва эҷодкорӣ, баланд бардоштани мақому мартабаи олимону омӯзгорон дар ҷомеа, ҷалби бештари онҳо ба корҳои илмию таҳқиқотии сатҳи баланд, тайёр кардани кадрҳои минбаъдаи илмӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва инкишоф додани неруи зеҳнии онҳо буда даври якум – даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Олими сол” дар байни омӯзгорон ва олимони донишгоҳ аз 28.01.2025 то 31.01.2025 аз рӯйи равияҳои зерин гузаронида мешавад:

  1. Равияи фанҳои экология ва география;
  2. Равияи фанҳои риёзӣ;
  3. Равияи фанҳои физика ва астрономия;
  4. Равияи фанҳои техникӣ;
  5. Равияи фанҳои технологӣ;
  6. Равияи фанҳои иқтисодӣ;
  7. Равияи фанҳои таърих, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ;
  8. Равияи фанҳои фалсафа, сотсиология, диншиносӣ, психология;
  9. Равияи фанҳои филология, фарҳангшиносӣ.

 

Иштирокчиён маводҳои озмуниро метавонанд то санаи 25.01.2025 ба Кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.

 

PDF: Низомномаи Озмуни Олими сол 2025

        Ҷадвали баргузории озмун

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top