ЭЪЛОН!
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 18 -уми январи соли 2025 конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи Рушди институтсионалии фаъолияти гумрукӣ дар шароити муосир дар пояи кафедраи фаъолияти гумрукӣ доир менамояд. Ба конференсияи мазкур кормандони хадамоти гумрук, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ даъват карда мешаванд.
Дар конференсия масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
1. Саҳми Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккулёбӣ ва рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Масоили рушди институтсионалии фаъолияти гумрук дар шароити ҷаҳонишавӣ;
3. Рушди хизматрасониҳои гумрукӣ дар шароити муосир;
4. Самтҳои афзалиятноки рушди хизматрасониҳои рақамии гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ИДМ;
5. Барасмиятдарории гумрукии молҳо дар шароити рақамикунонӣ;
6. Иқтисодиёти сабз ва нақши гумрук дар таҳкими он.
Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо, докторантоне, ки дар кори конференсия хоҳиши ширкат варзидан доранд, метавонанд то 15-уми январи соли 2025 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.
Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Матни маърӯзаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 15-уми январи соли 2025 пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.
Даъватҳо барои иштирок дар конфронс то 15 январи соли 2025 фиристода мешаванд.
Ғаюрӣ Р.С. (мутасаддӣ) Тел.: (+992 34) 234-85-44, (+992) 909113378.
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
PDF: Эълони конференсияи байналмилалии ДДТТ 19.01.2025
Мактуби иттилооти КАФЕДРАИ ГУМРУК
КУМИТАИ ТАДОРУКОТ