МИЗИ МУДАВВАРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Бинанда: 265 | Санаи нашр: 13 Декабр 2024

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 20 декабри соли 2024, соати 10:00, дар бинои таълимии № 1, ошёнаи 4, толори диссертатсионӣ мизи мудаввари байналмилалии илмӣ-амалӣро дар мавзӯи “Мушкилоти рушди соҳаи суғурта дар давлатҳои аъзои ИДМ вазъи муосир ва дурнамои он”  баргузор менамояд.

Мақсади баргузории чорабинӣ ҷалби таваҷҷуҳи муҳаққиқон, коршиносон, намояндагони ширкатҳои суғуртавӣ, мутахассисони соҳаи иқтисод ба масоили асосии рушди соҳаи суғурта дар заминаи рақамикунонии иқтисодиёти давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад. Чорабинӣ инчунин барои таҳияи тавсияҳо оид ба беҳбуд бахшидани самаранокии низомҳои суғуртавӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар ин соҳа мусоидат мекунад.

Ба кори мизи мудаввари байналмилалӣ олимони соҳаҳои иқтисодиёт ва молия ва бонкдорӣ,  омӯзгорони муассисаҳои илмӣ ва таълимии таҳсилоти олии касбӣ, мутахассисони амалия, ки нисбати мавзӯъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.

Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 20-уми декабри соли 2024, соати 10:00, дар бинои асосии донишгоҳ, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top