Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 27-28-уми декабри соли 2024 конференсияи III-юми байналмилалии илмию амалии дар мавзӯи “Рушди технологияҳои рақамӣ дар шароити муосир” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф”(солҳои 2020-2040) баргузор мегардад. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои соҳибкорӣ даъват карда мешаванд.
Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
1. Иқтисодиёти рақамӣ яке аз омили рушди иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Иқтисодиёти рақамӣ: мушкилот ва дурнамо;
3. Арзёбии механизми ташкиливу иқтисодии рушди таҳсилоти рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ;
4. Нақши иқтисоди рақамӣ дар таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ;
5. Ҷанбаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии табдилдиҳии рақамӣ;
6. Системаҳои инноватсионии интеллектуалӣ ва инноватсионӣ;
7. Технологияҳои рақамӣ: таҳдидҳо, хатарҳо, амният;
8. Молия, сармоягузорӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити рақамисозӣ.
Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 20-уми декабри соли 2024 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.
Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Матни маърӯзаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 20-уми декабри соли 2024 пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.
Даъватҳо барои иштирок дар конфронс то 20 декабри соли 2024фиристода мешаванд.
Султонов Зоиршо Султонович (мутасаддӣ) Тел.: (+992 34) 234-85-44, (+992) 937266050,
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
КУМИТАИ ТАДОРУКОТ