Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 10-уми декабри соли 2024, соати 13:00 конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Масоили мубрами ҳуқуқи инсон дар шароити муосир» бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва “Рӯзи ҳуқуқи инсон” доир менамояд. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, мутахассисони варзида аз соҳаи назария ва амалияи ҳуқуқи инсон, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ даъват карда мешаванд.
Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
1. Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва сарчашма гирифтани он аз Эъломияи Куруши Кабир;
2. Масоили гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсонро маҳдуд мекунанд, дар доираи ошкор ва кушодани ҷиноятҳо марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар;
3. Муносибати мафҳумҳои “Моликияти зеҳнӣ” ва “Ҳуқуқҳои зеҳнӣ” дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. Ҷаҳонишавии ҳуқуқи инсон ва таъсири он ба низоми ҳуқуқии миллӣ;
5. Нақши тарбияи ҳуқуқӣ дар пешгирии нигилизми ҳуқуқӣ;
6. Таъсири ҳуқуқи инсон ба рушди устувори ҷомеа ва муносибатҳои байналхалқӣ.
Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантон ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 9-уми декабри соли 2024 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.
Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ
PDF: Конференсияи Ҳуқуқи инсон 2024
Мутасаддӣ: Алиев Фаррух Шарифович – мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ
Тел.: (+992 34) 234-85-44, (+992) 917375555
КУМИТАИ ТАДОРУКОТ