Озмуни мақолаи беҳтарин, расми беҳтарин, навори беҳтарин

Бинанда: 210 | Санаи нашр: 30 Ноябр 2024

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 13 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2024, №407 тасдиқ шудааст, озмуни мақолаи беҳтарин, расми беҳтарин, навори беҳтарин, акси беҳтаринро байни муҳаққиқон, профессорону омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон ва унвонҷӯён роҷеъ ба ҳифзи пиряхҳо, инчунин криосфера ва тағйирёбии иқлим эълон менамояд.

Иштирокчиён маводҳои озмуниро метавонанд то санаи 12.12.2024 ба Кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top