Мудаввар дар мавзуи “Рушди суғурта дар мамлакатҳои ИДМ ва таъсири омилҳои монеъшаванда ба рушди он”

Бинанда: 187 | Санаи нашр: 20 Ноябр 2024

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 22-уми ноябри соли 2024, соати 11:00 мизи мудавварро дар мавзуи  “Рушди суғурта дар мамлакатҳои ИДМ ва таъсири омилҳои монеъшаванда ба рушди он”  баргузор менамояд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ – ҷалби таваҷҷуҳи муҳаққиқон, коршиносон ва намояндагони соҳаи молия ва суғурта ба масъалаҳои зерин равона шудааст:

- Баррасии монеаҳои мавҷуда дар рушди бозори суғурта.

- Омӯзиши таҷрибаи кишварҳои ИДМ дар раванди пешбурди суғурта.

- Пешниҳоди роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва тавсеаи соҳа дар шароити иқтисоди рақамӣ.

Барномаи чорабинӣ:

- Муҳокимаи маърӯзаҳои таҳлилӣ оид ба вазъи кунунии бозори суғурта.

- Баррасии омилҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, ки ба рушди ин бахш таъсир мерасонанд.

- Табодули таҷриба байни коршиносон ва муҳаққиқони соҳаи суғурта.

Забони чорабинӣ: тоҷикӣ, русӣ.

Ба кори мизи мудаввар олимони соҳаҳои мазкур,  омӯзгорони муассисаҳои илмӣ ва таълимии таҳсилоти олии касбӣ, мутахассисони амалия, ки нисбати мавзуъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.

Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 22-уми ноябри соли 2024, соати 11:00, дар бинои №7, ошёнаи 3, толори конфронс-зал, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.

Ин чорабинӣ як платформаи муҳими мубоҳисавӣ барои такмили минбаъдаи сиёсати суғурта ва рушди ин бахш дар шароити ҷаҳонишавӣ ба ҳисоб меравад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top