Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 07-уми декабри соли 2024 конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами рақамикунонии бахши молия: дурнамо ва тамоюли рушди он» дар пояи кафедраи молия доир менамояд. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ- таҳқиқотӣ даъват карда мешаванд.
Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
1. Мутобиқсозии низоми андоз ва маъмурикунонии андози Тоҷикистон ба мушкилот ва хатарҳои муосир
2. Самаранокии хароҷоти буҷет: меъёрҳои арзёбӣ, воситаҳои такмил
3. Қарорҳои нави рақамӣ дар идоракунии молияи давлатии Точикистон
4. Табдилоти рақамии хазинадории давлатии Тоҷикистон
5. Масоили татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар муносибтҳои молиявӣ
6. Нақши рақамикунонӣ дар баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ
Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 05-уми декабри соли 2024 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии дар шакли электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ирсол намоянд.
Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Мутасаддӣ: Мудири кафедраи молия дотсент Дустматов Б.М. Тел: (+992) 918986464
Мактуби иттилоотӣ: Мактуби иттилоотии конференсияи ҷумҳуриявии ДДТТ 07.12.2024