Мизи мудаввар дар мавзуи “Контроли конститутсионӣ –аркони давлати ҳуқуқбунёд” бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва ёдбуди Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Холиқов К.Н.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ Мизи мудавварро дар мавзуи Контроли конститутсионӣ –аркони давлати ҳуқубунёд” ба нақша гирифтанд, ки ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва ёдбуди Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Холиқов Кароматулло Нарзуллоевич бахшида шуда, 14 декабри соли 2024 (соати 10.00) баргузор мегардад. Забони чорабинӣ – тоҷикӣ, русӣ.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ҷалби таваҷҷӯҳи доираҳои илмию амалӣ ба масъалаҳои мубрами таъмини қонунияти конститутсионӣ, ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рушди унсурҳои давлати ҳуқуқбунёд мебошад.
Ба Мизи мудаввар олимони соҳаҳои ҳуқуқ ва давлатшиносӣ, омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, докторантҳо, аспирантҳо, магистрантҳо, мутахассисони амалия, ки нисбати мавзӯъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.
Маводи ҷамъбастии чорабинӣ аз рӯйи натиҷаҳои тақриз ва санҷиши пешакӣ дар сомонаи донишгоҳ ҷойгир карда мешавад.
Барои иштирок дар чорабинӣ то 01 декабри соли 2024 ирсоли дархост ба суроғаи электронии ҳамоҳангсоз (Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) бо зикри насабу ном, дараҷаи илмӣ, ҷой кор, мансаби ишғолкарда ва мавзуи баромад зарур мебошад.
Дар мавзуи мактуб лутфан рамзи Мизи мудавварро нишон диҳед: “ММ-МХ-24”. Баъди қабули маълумот Кумитаи тадорукот мувофиқатии мавзуи баромадро бо рӯзномаи Мизи мудаввар месанҷад ва дар давоми ду рӯзи корӣ ба суроғаи электронии муаллиф оид ба ворид намудан ба барномаи чорабинӣ ё ради он бо зикри сабаб хабар медиҳад.
Дархосте, ки баъди муҳлати муайяншуда пешниҳод мегардад, ба барнома ворид карда намешавад.
Бо эҳтиром,
Кумитаи тадорукот