Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии иқтисод ва идоракунии Туркманистон бо камоли эҳтиром профессорону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро барои иштирок дар Конференсияи илмӣ-амалии онлайн дар мавзӯи "Рушди устувори иқтисодӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва самтҳои ояндадор барои рушд " даъват менамояд, ки 29 ноябри соли 2024 баргузор мегардад. Ин конфронс имкони мубодилаи судманди донишҳои илмӣ ва таҷрибаомӯзиро фароҳам меорад.
Тезисҳои маърӯзаҳо бояд то 15 ноябри соли 2024 ба суроғаи электронии: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. фиристода шаванд.
Забонҳои кори конференсия: русӣ, англисӣ, туркманӣ.
Конференсия дар 4 бахш гузаронида мешавад:
- Бахши I : Самтҳои ояндадори рушди устувори иқтисодӣ.
- Бахши II : Нақши механизми молиявӣ дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ.
- Бахши III : Нақши маркетинг ва менеҷмент дар рушди устувори иқтисодӣ.
- Бахши IV : Таъмини ҳисобдорӣ ва таҳлилӣ дар шароити рақамисозии иқтисод.
Барои иштирок дар конференсияи илмӣ бояд ба кумитаи ташкилотӣ тезисҳо, аннотатсияҳо ва маърӯзаҳо (маърӯза бо тӯли 5-10 дақиқа, тезис на бештар аз 1,5 саҳифа, аннотатсия – 0,5 саҳифа, шрифт Times New Roman , андозаи шрифт 14, фосилаи байни сатрҳо – якқабата) ирсол карда шаванд. Кумитаи тадорукот ҳуқуқи нашри тезисҳои беҳтаринро дорад.
Ҳамаи иштирокчиёни конференсияро пешакӣ барои иштироки фаъол даъват менамоем ва умедворем, ки мубодилаи назарҳо ва донишҳо дар ин чорабинӣ ба тавсеаи доираи илмӣ ва рушди устувори иқтисодии кишварҳо мусоидат менамояд.