Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 25-уми октябри соли 2024, соати 14:00 мизи мудавварро дар мавзуи “Нақши Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ” баргузор менамояд.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ –таҷлили 100-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон мебошад, ки нақши таърихии ҶМШСТ дар раванди ташаккули давлатдории тоҷикон ва таъсири он ба ҳуввияти миллӣ мебошад. Дар чорабинӣ олимон, мутахассисон ва муҳаққиқони соҳаи таърих ва сиёсат иштирок менамоянд.
Ба мизи мудаввар олимону омӯзгорони муассисаҳои илмӣ ва таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ки нисбати мавзӯъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.
Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 25-уми октябри соли 2024, соати 14:00, дар бинои асосии донишгоҳ, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.