Курси ройгони пешхизмат ва дӯзандагӣ-тарроҳӣ

Бинанда: 501 | Санаи нашр: 25 Сентябр 2024

Маркази инноватсионӣ ва парки технологии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  курси ройгони пешхизмат ва дӯзандагӣ-тарроҳиро эълон мекунад!

Барномаи курс:

- Омӯзиши меъёрҳои этика ва хизматрасонӣ;

- Техникаи дурусти қабули фармоишҳо ва муносибат бо мизоҷон;

- Истифодаи таҷҳизоти қаҳвахона ва тарабхона;

- Омӯзиши асосҳои дӯзандагӣ ва тарроҳӣ;

- Кор бо намунаҳо ва матоъҳо;

- Тарроҳии либосҳои муосир ва анъанавӣ;

- Омӯзиши истифодаи таҷҳизоти дӯзандагӣ.

 

Муддати курс: 1 моҳ.

Курс аз ҷониби мутахассисони варзида тибқи барномаи махсус гузаронида мешавад. Пас аз анҷоми курс ба иштирокдорон сертификат дода мешавад.

 

Курс пурра ройгон аст!

 

Барои маълумоти бештар ва сабти ном ба Маркази инноватсионӣ ва парки технологии ДДТТ муроҷиат намоед (Бинои асосӣ, ошёнаи якум, утоқи 107 тел: 93 949 55 84 Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.).

 

Миқдори ҷойҳо маҳдуд аст!

Шитобед!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top