МИЗИ МУДАВВАР

Бинанда: 504 | Санаи нашр: 21 Сентябр 2024

“Шакли раёсати ҷумҳурӣ –унсури сохти конститутсионӣ”

бахшида ба ифтихори 100-солагии таъсиси Тоҷикистон

ва ёдбуди д.и.ҳ., профессор Бобоҷонов Н.Б.

 

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ Мизи мудавварро дар мавзуи “Шакли раёсати ҷумҳурӣ – унсури таркибии сохти конститутсионӣ”  ба нақша гирифтанд, ки ба ифтихори 100-солагии таъсиси Тоҷикистон ва ёдбуди доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Бобоҷонов Неъматҷон Бобоҷонович бахшида шуда, 26 октябри соли 2024 (соати 10.00) баргузор мегардад. Забони чорабинӣ – тоҷикӣ, русӣ.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ҷалби таваҷҷӯҳи доираҳои илмию амалӣ ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқии ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ ва таҳияи пешниҳодҳои асоснок ҷиҳати такмили минбаъдаи он мебошад.

Ба Мизи мудаввар олимони соҳаҳои ҳуқуқ ва давлатшиносӣ,  омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, докторантҳо, аспирантҳо, магистрантҳо, мутахассисони амалия, ки нисбати мавзӯъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.

Маводи ҷамъбастии чорабинӣ аз рӯйи натиҷаҳои тақриз ва санҷиши пешакӣ дар сомонаи донишгоҳ ҷойгир карда мешавад.

Барои иштирок дар чорабинӣ то 15 октябр соли 2024 ирсоли дархост ба суроғаи электронии ҳамоҳангсоз (Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) бо зикри насабу ном, дараҷаи илмӣ, ҷой кор, мансаби ишғолкарда ва мавзуи баромад зарур мебошад.

Дар мавзуи мактуб лутфан рамзи Мизи мудавварро нишон диҳед: Мм-ТБ-24. Баъди қабули маълумот Кумитаи тадорукот мувофиқатии мавзуи баромадро бо рӯзномаи Мизи мудаввар месанҷад ва дар давоми ду рӯзи корӣ ба суроғаи электронии муаллиф оид ба ворид намудан ба барномаи чорабинӣ ё ради он бо зикри сабаб хабар медиҳад.

Дархосте, ки баъди муҳлати муайяншуда пешниҳод мегардад, ба барнома ворид карда намешавад.

Кумитаи тадорукот

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top