ЧОРАБИНИИ ТАБЛИҒОТӢ - ИТТИЛООТӢ

Бинанда: 437 | Санаи нашр: 16 Сентябр 2024

Дар чорабинӣ иштирокчиён аз имкониятҳои таҳсил, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин лоиҳаҳои ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва кишварҳои аврупоӣ иттилоъ пайдо карданд. Ба иштирокчиён тавсияҳои зарурӣ ва роҳнамоӣ барои гирифтани грантҳо ва таҳсил дар доираи Барномаи Эразмус+ пешниҳод шуд.

Барномаи Эразмус+ дар Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 18-уми сентябри соли 2024, соати 10:00 чорабинии таблиғотӣ-иттилоотӣ дар мавзуи  “Тамоюли ҷаҳонии рушди таҳсилот ва миссияи сеюми донишгоҳҳо”  баргузор менамояд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ – ҷалби таваҷҷуҳи донишҷӯёну магистрантон ва доираҳои илмию тадқиқотии муассисаҳои олии касбии кишвар барои иштирок дар Барномаи Эразмус+ ба ҳисоб рафта, омӯзгорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо имкониятҳои барнома, лоиҳаҳои байналмилалӣ, табодули донишҷӯён ва дастгирии таҳсилоти олӣ дар Аврупо шинос мегарданд.

Дар Чорабинии таблиғотӣ-иттилоотӣ: Барномаи Эразмус+ дар Тоҷикистон масъалаҳои зерин муҳокима хоҳанд шуд:

- Тамоюлҳои ҷаҳонии рушди таҳсилот ва таъсири онҳо ба таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон.

- Рисолати сеюми донишгоҳҳо, ки ба масъулияти иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа тавассути илм ва инноватсия равона шудааст.

- Роҳҳои татбиқи имкониятҳои Барномаи Эразмус+ барои донишҷӯён ва омӯзгорони тоҷик.

- Ташаккули ҳамкориҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва таҳқиқот.

- Имкониятҳои таҳсил ва табодули донишҷӯён дар доираи Барномаи Эразмус+.

- Тартиби муроҷиат ва қабул ба барномаҳо, инчунин тавсияҳо барои муваффақият дар лоиҳаҳои Эразмус+.

 

Ба чорабинии таблиғотӣ-иттилоотӣ тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ донишҷӯёну магистрантон ва доираҳои илмию тадқиқотии муассисаҳои олии касбии кишвар, ки нисбати мавзуъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.

 

МАНБА БАРОИ ВОРИД ШУДАН: https://meet.google.com/gxa-bkkt-ihs

 

Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 18-уми сентябри соли 2024, соати 10:00, дар бинои №1, ошёнаи 4, толори дисертатсионӣ, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top