Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ бо Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми сентябри соли 2024, соати 10:00 мизи мудавварро дар мавзуи “Мукамалгардонии раванди аттестатсия ва ҳимояи диссертатсия: таҳлили талабот ва таҷриба» баргузор менамояд.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ – ҷалби таваҷҷуҳи доираҳои илмию коршиносӣ ба масъалаҳои мубрами беҳтар намудани самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ мебошад.
Ба кори мизи мудаввар олимони соҳа, омӯзгорони муассисаҳои илмӣ ва таълимии таҳсилоти олии касбӣ, муовинон оид ба илм ва инноватсия, котибони шурои олимон, мудирони шуъбаҳои омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, раис, муовин ва котибони илмии шуроҳои диссертатсионӣ, ки нисбати мавзуъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.
МАНБА БАРОИ ВОРИД ШУДАН: https://meet.google.com/cfb-ofkt-pti
Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 13-уми сентябри соли 2024, соати 10:00, дар бинои №1, ошёнаи 4, толори дисертатсионӣ, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.