Қабули ҳуҷҷатҳо барои дарёфти гранти таҳсилотӣ дар зинаи магистратура барои соли таҳсили 2024-2025

Бинанда: 280 | Санаи нашр: 19 Август 2024

Ба диққати донишҷӯёни ДДТТ расонида мешавад, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии “Роҳи абрешим” дар доираи созишномаи ҳамкорӣ қабули ҳуҷҷатҳоро дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба барои дарёфти гранти таҳсилотӣ дар  зинаи магистратура барои соли таҳсили 2024-2025 эълон намудааст.

Талаботҳо:

- Нусхаи шиноснома;

- Пешниҳоди маълумотнома (CV) бо забони англисӣ;

- Пешниҳоди барномаи корӣ дар давоми рӯзҳои интихобшуда;

- Донистани забони англисӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда (диплом ё сертификат);

- Дипломи бакалавр;

- Сурати 3х4;

- Эссе (нақшаҳо пас аз хатми таҳсил, эссе дар мавзӯи “Саҳм дар рушди сайёҳии мамолики аъзои СҲШ” дар ҳаҷми 1-1,5 саҳифа)

 

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 25.08.2024

 

Барои маълумоти муфассал:

https://www.univ-silkroad.uz

https://www.facebook.com/univsilkroad.uz/

 

Барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии донишгоҳ муроҷиат намоед.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top