Ба таваҷҷуҳи довталабон!
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз санаи 26-уми июли соли 2024 қабули ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд оғоз ёфта, ҳуҷҷатсупорӣ идома дорад.
Ба комиссияи қабул ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
- шиноснома;
- аттестат дар бораи хатми МТМУ (нусхаи аслӣ);
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи даъват;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- 6 дона сурати андозаи 3х4.
Довталабони мӯҳтаррам, қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 6-уми августи соли 2024 муқарар шудааст.