Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон рӯзҳои 24-25 майи соли 2023 Конференсияи байналмилалии илмию амалиро дар мавзўи “Самтҳои асосии ташаккул ва рушди иқтисоди “сабз” дар шароити муосир” баргузор менамояд. Барои иштирок дар конференсияи мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар, ҳамчунин олимону муҳаққиқон даъват карда мешаванд.