7 феврали соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои татбиқшаванда баргузор гардид. Дар ҷараёни семинар муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров оид ба курсҳои забономӯзӣ, оид ба таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо суханронӣ намуда, ба аҳамияти баланд бардоштани малакаҳои забонӣ ва тарзи дурусти пешниҳоди лоиҳаҳо барои ҷалби маблағгузорӣ таъкид намуд.
Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ Бахтиёр Абдуллоев доир ба таҳия ва пешниҳоди маводи лексионӣ дар доираи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи глобалии Ҳандонг, Кореяи Ҷанубӣ ва тарзи ворид намудани он ба базаи ягонаи донишгоҳи мазкур маълумотҳои мушаххас пешниҳод намуд. Мавсуф дар бораи таҷрибаи донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон дар соҳаи татбиқи лоиҳаҳои таълимӣ ва илмӣ суханронӣ кард.
Инчунин, таъкид гардид, ки донишгоҳ ҳамкориҳои судмандро бо донишкадаҳои байналмилалии татқиқоти ба роҳ мондааст, ки дар доираи ин ҳамкориҳо татбиқи лоиҳаҳои гуногуни илмӣ-тадқиқотӣ роҳандозӣ шудааст. Дар ин замина, мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Нурмуҳаммади Абдуллозода бо омӯзгорон оид ба таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои тадқиқотӣ вобаста ба мавзӯъҳои иқтисоди сабз ва энергияи сабз, иқтисоди гузариш дар доираи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC) суҳбат намуд. Оид ба имкониятҳои ҷалби грантҳо ва роҳҳои беҳтар кардани сифати таҳқиқот дар ин самт маълумоти мушаххас дод.
Иштирокчиёни семинар таҷриба ва пешниҳодҳои худро оид ба татбиқи лоиҳаҳо иброз намуда, роҳҳои инноватсионии таҳқиқот ва ҳамкориҳои байналмилалиро баррасӣ карданд. Дар хотимаи семинари омӯзишӣ миёни омӯзгорон ва баромадкунандагон табодули афкор сурат гирифта, имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои оянда мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академ